Прокурорҳо хона ба хона гашта дар бораи коронавирус гуфтанд

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевМужчина в маске на улице в Душанбе
Мужчина в маске на улице в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулини Додситонии кулли Тоҷикистон якҷоя бо намояндагони мақомоти маҳаллии ноҳияи Сино, кӯча ба кӯча гашта, аҳамияти риояи фосила ва қоидаҳои гигиениро фаҳмондаанд

ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Мақомдорони додситонӣ ва идораҳои маҳаллии ноҳияи Сино ба 4440 адад манзилҳои истиқоматӣ дар маҳаллаҳои 13, 14, 31 ва Яккачинори Душанбе рафта, суҳбатҳо анҷом додаанд.

Магнитно-резонансная томография в 451-м военном госпитале в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Омори COVID-19 дар шаҳру вилоятҳои Тоҷикистон: 2 фавт ва 61 мавриди ҷадид

"Зимни вохӯрӣ ба шаҳрвандон зарурати риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию гигиенӣ, ба таҳлука наафтодан, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя намудани фосилаи на кам аз 1,5 метр, пӯшидани ниқоб, мунтазам бо собун шустани дастҳо, истифода бурдани маҳлулҳои антисептикӣ, бе зарурат аз хона набаромадани шахсони аз 60-сола боло, ташкил накардани ҳар гуна ҷамъомаду маъракаҳо фаҳмонда шуд", - омадааст дар иттилоияи Додситонии кулли Тоҷикистон.

Ин ниҳод таъкид кард, ки ба шаҳрвандон дар бораи роҳҳои паҳншавии бемории номбурда, тарзу усули ба бадан ворид шудани вирус маълумот дода шуд.

Манбаъ афзуд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ барои пешгирии бемориҳои сироятӣ аз ҷониби кормандони мақомоти прокуратура идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0