Ҷашнҳои рӯзи 7 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 7 мая
День 7 мая - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи ҳафтуми май дар Қазоқистон – Рӯзи ҳимояи Ватан таҷлил мешавад. Дар ин рӯз, соли 2010 ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" дар бораи ифтитоҳи хатсайри нави ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Украина хабар дод

Рӯзи 7 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1832 Юнон  шоҳигарии мустақил гардид.

Соли 1994 дар шаҳри Ванкувери Канада ҳунарнамоии сершумортарин дар таърихи ансамбл иборат аз 1 ҳазору 322 нафар гитаранавоз баргузор гардид.

Соли 1997 Ширкати Intel расман микропротсессори Pentium 2-ро муаррифӣ намуд.

Соли 2018 намояндаи Тоҷикистон Меҳрона Ғайбуллоева бо иҷрои таронаи сарояндаи машҳури Русия Земфира «Ман туро ҷустам» («Я искала тебя»)  ба даври нимниҳоии озмуни «Ту беҳтарин» роҳ ёфт.

© © Sputnik/ Александр Гальперин Мехрона Гайбуллоева в Санкт-Петербурге на Дворцовой площади
Ҷашнҳои рӯзи 7 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон   - Sputnik Тоҷикистон
Мехрона Гайбуллоева в Санкт-Петербурге на Дворцовой площади

Рӯзи 7 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса баррасӣ гардид.

Соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоии бевосита бо ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, ки шаби 7 май ба амал омаданд, ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон сафар кард.

День 4 мая - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 4 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2010 ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар бораи ифтитоҳи хатсайри нави ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Украина хабар дод.

Соли 2011 дар Исломобод Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Покистон таъсис дода шуд.

Соли 2012 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Амари»-и Фаластин бо ҳам сабқат намуданд.

Соли 2015 Созишнома дар бораи содагардонидани тартиби тиҷорат бо Созмони умумиҷаҳонии савдоро вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон тасдиқ намуданд.

Соли 2016 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати инсонпарваронаи хеш ба муносибати 71-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 ва қадршиносии ҷонфидоии бобоёну падарон дар ҷанг баҳри озодии насли оянда дар бораи расондани кумакпулии яквақтаи молиявӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Амр имзо намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 7 май

  • Дар Қазоқистон – Рӯзи ҳимояи Ватан.
Лентаи хабарҳо
0