"Ҳанги ҷовидон" пас аз ҳамагирӣ онлайн боқӣ мемонад

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкЖительница Москвы заполняет заявку для участия в акции "Бессмертный полк онлайн"
Жительница Москвы заполняет заявку для участия в акции Бессмертный полк онлайн - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба далели паҳншавии густурдаи коронавируси навъи COVID - 19 дар Русия, имсол "Ҳанги ҷовидон" на дар кӯчаҳо балки дар фазои интернет баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 7 май – Sputnik. Аксияи "Ҳанги ҷовидон", ки дар Рӯзи Пирӯзӣ баргузор мешавад, метавонад пас аз итмоми пандемия онлайн боқӣ монад, хабар дод рӯзи панҷшанбе дар конфронси видеоӣ дар МИА "Россия сегодня", ҳамраиси Ситоди марказии ҳаракати умумирусиягии "Ҳанги ҷовидони Русия" Сергей Макаров.

Жительница Москвы заполняет заявку для участия в акции Бессмертный полк онлайн  - Sputnik Тоҷикистон
Онлайн: дар "Ҳанги ҷовидон" 2020 ду миллион кас ширкат мекунад

"Агар одамон ба ин аксия низ чун ба аксияи воқеъии "Ҳанги ҷовидон" - и 9 май муносибат кунанд, фикр мекунам онро идома хоҳем дод.

Макаров гуфт, барои баргузории аксияи онлайни "Ҳанги ҷовидон", дар Рӯзи Пирӯзӣ платформа аллакай омода аст ва дар оянда он тақвият хоҳад ёфт.

"Ҳанги ҷовидон" лағв мешавад? Маскав то як моҳ баргузории чорабиниҳои оммавиро манъ кард

Ҳамраиси Ситоди марказии ҳаракати умумирусиягии "Ҳанги ҷовидони Русия" Сергей Макаров гуфт, дар Рӯзи Пирӯзӣ ҳамаи ширкаткунандагон онлайн аз Майдони Сурх хоҳанд гузашт.

Макаров гуфт, дар як рӯз намешавад ҳамаи куҳансарбозонро намоиш дод, ба ин хотир "Ҳанги ҷовидон" чанде ки лозим ояд, яъне давомдор намоиш дода мешавад.

Пахши онлайни "Ҳанги ҷовидон" дар платформаҳои зиёде аз ҷумла дар торномаи "Ҳанги ҷовидони Русия" - (www.polkrf.ru и www.polk.press), намош дода мешавад.

Лентаи хабарҳо
0