Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Вазири хориҷаи Тоҷикистон ба ҳамтоёнаш аз Чину Ҳиндустон чиро баррасӣ кард?

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин
Министр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон дар гуфтугуи телефонӣ бо ҳамтоёнаш аз Чину Ҳиндустон роҳҳои густариши равобитро дар заминаҳои мухталиф баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 7 май – Sputnik. Ахиран суҳбати телефонии Сироҷиддин Меҳруддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Узви Шӯрои давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Чин Ван И баргузор гардид.

Спецрейс из Индии с лекарствами на борту - Sputnik Тоҷикистон
Фаврӣ: хатсайри махсус ба Душанбе дорувориву лавозимоти тиббӣ овард - аксҳо

Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни суҳбат ҷонибҳо муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар арсаҳои гуногун дар чаҳорчӯби шарокати стратегии ҳамаҷониба ва иқдомҳои муштараки ду кишвар дар самти мубориза бо ҳамагирии Ковид-19-ро баррасӣ карданд.

Инчунин ба иттилои манбаъ, Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субраҳманям Ҷайшанкар гуфтугӯ кард.

“Дар ҷараёни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар заминаҳои гуногун ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд”, - таъкид доштааст ВУД Тоҷикистон.

Манбаъ зикр намудааст, ки мусоҳибон зимни арзёбии ҳамкории ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ ва тиб, бар аҳаммияти идомаи ҳамёрӣ ва иқдомҳои муштарак ҷиҳати пирӯзӣ бар ҳамагирии Ковид-19 таъкид карданд.

Лентаи хабарҳо
0