Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

"Шифохонаи гардон аз контейнерҳо" дар "Текстил": чӣ гуна хоҳад буд? - аксҳо

© Пресс-служба правительства ДушанбеПроект мобильного госпиталя в Душанбе
Проект мобильного госпиталя в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати шаҳри Душанбе ахиран лоиҳаи ангоравии шифохонаи гардон ё мобилӣ барои табобати маризони “вируси корона” – ро қабул ва таъйид кард

ДУШАНБЕ, 07 май — Sputnik. Бино ба иттилои манобеъи Sputnik Тоҷикистон, лоиҳаи ангоравии шифохонаи гардон ё мобилӣ аз сӯи Корхонаи воҳиди давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмӣ – таҳқиқотӣ ва лоиҳакашии “Душанбешаҳрсоз”, тобеъи ҳукумати шаҳри Душанбе сохта шуда, “Беморхонаи мобилӣ аз контейнерҳо” унвон дорад.

© Пресс-служба правительства ДушанбеПроект мобильного госпиталя в Душанбе
Шифохонаи гардон аз контейнерҳо дар Текстил: чӣ гуна хоҳад буд? - аксҳо - Sputnik Тоҷикистон
Проект мобильного госпиталя в Душанбе

Бино ба ин манбаъ, ин шифохона аз рӯи муаллифаҳои зерин ба истифода хоҳад шуд: Зарфият: 416 кат ва 16 қабулгоҳ ё утоқи духтурон; масоҳати кулли варзишгоҳ 15 714.00 метри мураббаъ, минтақаи сохтмон - 3600 метри мураббаъ, масоҳати сатҳи роҳи бетонии қиршуда (асфалт) - 2400 метри мураббаъ, масоҳати роҳҳои убурӣ аз сангреза бунёдшуда - 2780 метри мураббаъ, марзи бетонӣ - 1170 метри мураббаъ.

Варзишгоҳи “Бофанда”  - Sputnik Тоҷикистон
Шифохонаи гардон дар варзишгоҳи “Бофанда”: аз Чину Ӯзбекистон чӣ камӣ дорем?

Бино ба иттилооти восила ба Sputnik Тоҷикистон, ин шифохона тайи беш аз як ҳафта бояд дар варзишгоҳи “Бофанда”, воқеъ дар рӯ ба рӯи Корхонаи насоҷии тоҷик, дар миёни мардум маъруф ба “Текстил” сохта мешавад.

Тибқи ин гузоришҳо, бино ба тавофуқоти миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон, фардо ҳудуди 120 контейнер аз ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон вориди Душанбе хоҳад шуд. Қаблан Чин як шифохонаи гардони иборат аз ҳазор бистарро дар 10 шабонарӯз ва Ӯзбекистон як 500 – бистараро дар зарфи панҷ шабонарӯз сохта буданд. Қаблан Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дастур дода буд, ки дар пойтахт як силсила беморхонаҳои муваққатӣ бо зарфияти беш аз 3 ҳазор кат барои табобати гирифторони “вируси корона” ё COVID-19 ташкил карда шавад.

Бино ба иттилои Маркази матбуотии шаҳрдори Душанбе, ин беморхонаҳо тамоми шароити замонавӣ, бахусус мутахассисони баландихтисоси соҳибтаҷриба, таҷҳизоти тиббӣ ва таъминоти дорувории баландсифатро дар ихтиёр хоҳанд дошт.

© Пресс-служба правительства ДушанбеПроект мобильного госпиталя в Душанбе
Шифохонаи гардон аз контейнерҳо дар Текстил: чӣ гуна хоҳад буд? - аксҳо - Sputnik Тоҷикистон
Проект мобильного госпиталя в Душанбе

Тибқи иттилои расмӣ, то ба ҳол дар шаҳри Душанбе зиёда аз 30 шифохона бо 5 ҳазору 284 кати хоб ва беш аз 5 ҳазору 390 нафар табибу корманди миёнаи тиббӣ ба дармондагон хизмат мерасонанд.

Лентаи хабарҳо
0