ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон ба 140 табиб ва ҳамшираҳои шафқати Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов”-и шаҳри Душанбе 7 тонна орд кумак расонда шуд, иттилоъ додааст хабаргузории АМИТ “Ховар”.
Бино бар иттилои манбаъ, роҳбарияти Хадамот таъкид доштааст вобаста ба имкониятҳо минбаъд низ ин иқдомро идома хоҳад дод.
“Дар чунин лаҳзаҳои барои мардуми Тоҷикистон душвор онҳо дар канор буда наметавонанд ва бо тамоми ҳастӣ талош меварзанд, ки дар паҳлӯи миллату давлати худ бошанд. Кумаки мазкур рамзи ҳаммаром будан бо мардуми Тоҷикистон дар чунин шароити барои ҳамагон мушкилро дорад”,- таъкид доштааст роҳбарияти ин мақомот.
Инчунин барои саҳмгузорӣ дар роҳи мубориза бар зидди пандемияи COVID-19 сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон Барно Саидвализода музди меҳнати якмоҳаи худ ва ҳайати кормандони он як қисми моҳонаашонро ҳамчун кумак ба фонди мазкур мегузаронанд.
Ҳамзамон роҳбарияти Хадамоти иҷро иқдомҳои хайрхоҳона роҳандозӣ намуда, дар моҳи шарифи Рамазон кормандони Хадамот ва ҳайати хизматрасони онро бо маводи хӯрока, аз қабили 2 тоннаю 100 кг орд, 210 литр равған, 210 кг биринҷ ва 210 кг шакар таъмин намуданд.