ДУШАНБЕ, 6 май – Sputnik. Муттаҳам, марди 41-солаи сокини ҷамоати Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов будааст, ки қаблан як дафъа суд шудааст, хабар дод Раёсати умури дохилии Суғд.
Манбаъ афзуд, шаҳрванди мазкур баъди раҳоӣ аз зиндон боз даст ба ҷинояткорӣ задааст.
“Чунончи ба боварии сокини 48- солаи ҷамоати Гулхона даромада, худро корманди идораи барқ хонда, аз ин сокини ноҳия барои руйпуш намудани 13 ҳазор сомонӣ қарзи истифодаи қувваи барқи хоҷагии деҳқонӣ, 2 ҳазор сомонӣ талаб намуда ба манфиати худ сарф намудааст”, - хабар дод манбаи Sputnik дар РВКД.
Манбаъ афзуд, ки ин сокин давоми солҳои 2018-2019 дар чанд ҳолат худро ҳамчун корманди идораи шабакаҳои барқии ноҳия вонамуд карда, барои гуиё руйпуш намудани қарзи истифодаи нерӯи барқ аз сокинон маблағ талаб намуда гирифтааст.
Аз ҷумла зикр шуд, ки моҳи апрели соли 2019 ҳам, муттаҳам ба боварии сокини 27- солаи ноҳияи Ҷаббор Расулов даромада, худро корманди идораи барқ хонда, барои руйпуш намудани истифодаи қувваи барқ, 8 ҳазор сомонӣ гирифтаст.
РВКД мегӯяд, алайҳи муттаҳам аз сӯи мақомт бо моддаи 247 қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ, барои қаллобӣ парванда оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.