ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Ба иттилои ВУД, ҷанҷол пеш аз зуҳри 5-уми май рух дода, бар асари як мушти ҷавони 26-сола, марди 33-сола ҷон додааст.
“Рӯзи 5-уми майи соли 2020, тахминан соати 11:30-дақиқа, ҷавони 26-солаи сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҷамъоварии маҳсулоти пиёз дар хоҷагии деҳқонии “Баракати Боҳтуробод”, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант бо марди 33-сола, сокини ҷамоати деҳоти мазкур ҷанҷол карда, бо мушт ба қисмати чапи гарданаш як маротиба задааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.
Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа, марди 33-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
ВУД таъкид кард, ки айни замон гумонбаршаванда дар боздоштгоҳ қарор дошта, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Инчунин мақомоти умури дохилӣ аз боздошти марди 33-солаи сокини пойтахт хабар додааст, ки дар қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ муттаҳам мешавад.
Боздоштшуда дар он айбдор мешавад, ки марди 32-сола, сокини пойтахтро 17-уми январи соли 2020, тахминан соати 21:30-дақиқа, дар маҳаллаи 112 дашномҳои қабеҳ дода, латукӯб намудаст.