ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Дилшод Саидзода, ки ахиран аз ноҳияи Шоҳмансул вакили Маҷлиси Душанбе интихоб гардид, барои 160 оила дар ин ноҳия ниқоб ва маводи антисептикӣ кумак кардааст.
Мардихудо Давлатов, роҳбари созмони “Авангард”, дар саҳифаи фейсбукияш хабар додааст, ки вакил Саидзода Дилшод Мурод ба 160 оила дар ноҳияи Шоҳмансур 2000 ниқоби муҳофизати, 2000 маводи антисептикӣ кумак кардааст.
Худи Саидзода дар посух ба тавсифҳо аз ин иқдомаш изҳор доштааст, ки “дар урфият мегӯянд, дарахт бо об месабзад, инсон бо дуо”.
“Дуогӯйи он хастем, ки ин ваборо Худованд аз болои сари мардуми Тоҷикистон ва чаҳон харчи зудтар несту нобуд кунад. Омин!”, - афзудааст ӯ.
Қаблан хабар дода шуд, ки номзадии Дилшод Саидзода аз ҳавзаи рақами 4-и ноҳияи Шоҳмансур ба Маҷлиси вакилони халқи Душанбе аз ҷониби ҲХДТ пешбарӣ гардид. Зикр гардид, ки Саидзода 30 сол дошта, сардори нозироти давлатии иёргирии Вазорати молияи Тоҷикистон ва писари Мурод Саидов, сардори Хадамоти муҳофизони раисиҷумҳури Тоҷикистон мебошад.