Дар бораи ҷанг шеър хонед: раиси Шӯрои Федератсияи Русия дар бораи 75 соли Пирӯзӣ

Обуна шудан
Дар остонаи таҷлил аз Рӯзи Пирӯзӣ дар чунин вазъияти вазнини пандемия Sputnik аз раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко пурсон шуд, ки ӯ чӣ гуна 75 - умин солгарди Рӯзи Пирӯзиро қайд мекунад

Валентина Ивановна, шумо таҷлил аз Рӯзи пирӯзиро дар вазъияти кунунӣ чигуна мебинед? Шумо дар бораи бойгонии хонаводагӣ, аксҳо гуфтед, чӣ чизро боз барои эҳсоси бештари воқеъа маслиҳат медиҳед?

Георгиевская ленточка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сарбозони 100 – солаи ҶБВ аз Тоҷикистон: кӣ 75 – умин солгарди Ғалабаро ҷашн мегирад?

- Шеърҳо. Шеърҳо дар васфи ҷанг. Худатон қироат кунед барои кӯдаконатон хонед. Мо дар доираи Ассамблеяи байнипарлумониии ИДМ тарҳеро роҳандозӣ кардем: чанд кас - ҳунарманд, куҳансарбоз, сиёсатмадор ва намояндаи насли ҷавон - як шеърро дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ қироат мекунанд. Ман ҳам дар қатори ҳамкоронам дар ин тарҳ ширкат кардам. Ба ман имконияти интихоби шеърро доданд. Ростӣ, каме истодам, интихоб қариб як моҳ дароз кашид - чӣ қадр ин кори мушкил будааст. Қариб лоиҳаро дарҳам занам!

Нахостам ин корро расман иҷро диҳам. Ва умуман ман наметавонам расмӣ иҷро кунам...Ашъори зиёди даврони ҷангро варақ задам. Ҳатто аз сар гузаронидам...Умуман дар пешорӯи Рӯзи Пирӯзӣ ва имрӯзҳо ман таассуроти хубе бардоштам. Ба гунаи покшавӣ. Махсусан замоне, ки ашъори шоирони дар ҷангбударо мехондам. Пушаймон нестам. 

Кадом шеърҳо махсусан дили шуморо тасхир карданд? 

- Ашъори Симонов, Твардовский, Окуджава, Друнина, Бергголтс… "Я убит подо Ржевом", "Если дорог тебе твой дом", "Я ухожу от пули", "Ты вернешься", "Накануне"… Ба қадре аскарро тасаввур мекунӣ, ки дар пешорӯи ҷанги беинтиҳо истода, кӣ бояд пирӯз шавад...Чӣ гуна он ҷо қувваи боварӣ ва дарки қарз дар пеши насли оянда бузург эҳсос мешавад! Ва ҳамзамон муҳаббат ба зиндагӣ. Дар ҳар калима. Ба вижа дар ашъори шоирони ҷангдида.

Вале "Реквиеме" - и Роберт Рожденственскийро ахиран интихоб кардам. Ин интихоб барои худи ман ҳам ғайриинтизор буд. Дар назари аввал шеъре, ки садҳо бор хондаем, шунидаем дидаем. Қувваи ин шеър осмонист. Медонед, ин чун назаре аз паҳлу ба дард, фоҷиа, ба бузургии қаҳрамонӣ. Мехонӣ ва ҷодуе бармехезад - калимаҳо оддиянд, вале чунин менамояд, ки аз хонданашон бузургтар ва қавитар мешавӣ.

Бихонед.

Лентаи хабарҳо
0