ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Ин адиби тоҷик, дар як тамоси телефонӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, инак даҳ рӯзро бо тасфи баланд дар бемористони Хуҷанд паси сар мекунад.
"Даҳ рӯз мешавад, ки тасфам поён намерад 37, 5 ва гоҳе 37 дараҷа аст. Ҳеҷ иштӣ надорам. Аслан боре ин гуна беҳоливу бемориро дар сар надида будам. Ин бемории навпайдои "вируси корона" аст, ки ҳоло ба ман часпидааст", - гуфт Шакурзода.
Адиби тоҷик мегӯяд, рӯзи 27-уми апрел ҳини бозгашт ба Хуҷанд аз шаҳри Душанбе ҳарорат дар баданаш якбора боло гирифтааст. Дар пайи муроҷиат бо тавсияи духтурони беморхонаи вилоятӣ бистарӣ шудааст. Аз сабаби мавҷуд набудани ҷой дар беморхонаи вилоятӣ, Шукурзодаро барои табобат ба таваллудхонаи шаҳрӣ - ин ҷой ҳам барои онҳое, ки бо нишонаҳои бемории "вируси корона" муроҷиат мекунанд, бистарӣ намудаанд.
"Духтурон ҳама корро барои табобати мо иҷро карда истодаанд. Дар мо аз қатрадармонӣ истифода мекунанд. Гоҳ-гоҳ ҳалқам қоқ мешавад. Худоро шукр, ки ҳоло бе кӯмаки таҷҳизоти нафасдиҳанда (Оксгенератор) худам нафас мегирам", иброз намуд, Шукурзода.
Ин адиби тоҷик мегӯяд, ҳоло дар таваллудхонаи шаҳрӣ ҳамроҳаш ҳудуди 15 нафар бо нишонҳои монанд ба бемории ӯ табобат мегиранд.
Адиби тоҷик Мирзо Шукурзода, соли 1950 дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таваллуд шуда даврони мактабхонӣ ва навҷавонии ӯ дар Дилварзин дар ноҳияи Мастчоҳ ва ё Мастчоҳи нав сипарӣ шудааст.
Ахиран дар моҳи январи имсол, бо баргузории як маҳфили ададбӣ дар остонаи 70-солагии рӯзи милоди ӯ дар Хуҷанд, ки ба фаъолияти панҷоҳ сола ва ё нимасраи эҷодии Шукурзода рос меояд ҷашн гирифта шуд.
Давоми ин солҳо ин муқаққиқи фаррохназар бо нашри даҳҳо очерку ҳикоя ва асарҳои таҳқиқотӣ аз ҷумлаи "Ҷонпайванд", "Тоҷикон дар қаламрави Ориёно", "Размоварони ҳиндукуш", "Кимёгари дурри дарё", "Арҷномаи Мирзо Аҳмадзода", "Офтоб дар оина", "Фарёди фоҷиаи Афғонистон", "Тоҷикон дар масири таърих" дар хазинаи фарҳанги миллии тоҷикон саҳми шоиста гузоштааст.
Мирзо Шукурзода, дорои унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Ҳоло баъди Озарахшу Фарзона, Муҳиддин Хоҷазод ва Қодири Рустам, Мирзо Шукурзода аз ҷумлаи адибоне гуфта мешавад, ки мубориза бо "вируси корона" - ро дар шароити бемористонҳои кишвар паси сар мекунанд.
Духтурон ташхиси бемории Озарахш, Фарзона ва Муҳиддин Хоҷазодро илтиҳоби шуш ё (пневмония) маънидид кардаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 30-уми апрел хуруҷи бемории коронавирус ё COVID-19 - ро дар кишвар расман эътироф намуда, рӯзи 4-уми май дар бораи сироятёбии 230 ҳолат ва 3 фавти шаҳрвандон иттилоъ дод.
Бар пояи иттилои вазорати тандурустӣ, ки бегоҳии 4-уми май нашр шудааст, 110 ҳолат дар шаҳри Душанбе, 22 ҳолат дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 7 ҳолат дар ВМКБ, 21 ҳолат дар вилояти Хатлон ва 70 ҳолат дар вилояти Суғд сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардидааст.