ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Ширкати мазкур овозаҳо дар мавриди вобаста ба бемории коронавирус COVID-19 баста шудани ин роҳи мошингарди “Душанбе – Чаноқ” асоси воқеӣ надоранд, хабар медиҳад “Ховар”.
Ба иттилои Далери Абдулло, сухангӯӣ ширкат, айни замон роҳ кушода буда, масъулини ширкат баҳри ташкили ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт дар роҳи мазкур тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Номбурда аз шаҳрвандони мамлакат хоҳиш намуд, ки ба овозаҳои беасос бовар накунанд ва маълумоти саҳеҳро доир ба вазъи роҳи Душанбе – Чаноқ аз сайти филиали Ширкат ва саҳифаи он дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” дарёфт намоянд.
"Тавре қаблан иттилоъ додем, дар сурати аз 25 дараҷа зиёд будани ҳарорати ҳаво бояд аз 1 май то 31 августи соли равон маҳдудияти мавсимӣ ҷорӣ мешуд. Ин маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст. Чун ҳарорати ҳаво нисбатан паст омад, роҳбарияти филиали Ширкат тасмим гирифт, ки ин иқдом то 13 майи соли ҷорӣ мавқуф гузошта шавад", гуфт, сухангӯи ширкати IRS.
Ӯ гуфт, дар робита ба пешгирӣ аз бемории коронавирус роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат корҳои безараргардониро дар роҳи мазкур тақвият бахшидааст.
“Илова бар ин, теъдоди зарурии дастгоҳҳои ҳароратсанҷ харидорӣ шуда, ба тамоми плазаҳо, коргоҳҳои истеҳсоли асфалт, нуқтаҳои вазнченкунӣ ва намояндагиҳо дастрас шуданд. Чунин тадбирандешиҳо замина фароҳам оварданд, ки дар ҳолати зарурӣ ҳарорати тани мусофирону ронандагон санҷида шавад”, — гуфтааст ӯ.