Ҷойгузини Дариға Назарбоева дар мақоми раиси Сенати Қазоқистон маълум шуд

© Foto: Официальный сайт мажилисаДепутат мажилиса парламента Казахстана Маулен Ашимбаев
Депутат мажилиса парламента Казахстана Маулен Ашимбаев  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қосим Жомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон, Маулен Ашимбаевро раиси Сенат, палатаи болоии парлумони ин кишвар таъйин намуд

ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Маулен Ашимбаев, ки то ҳол ноиби аввали раиси Дастгоҳи раисиҷумҳури Қазоқистон буд, ба мақоми раиси Сенат таъйин гардид.

Пресс-секретарь Минобразования и науки республики Таджикистан Эхсони Хушбахт - Sputnik Тоҷикистон
Вазорат: донишҷӯён барои напардохтани пули таҳсил хориҷ намешаванд

Ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Қазоқистон, Ашимбаев бо пешбарии Тоқаев бо як овоз мудири палатаи болоии парлумон интихоб шуд.

Ашимбаев дар ин мақом Дариға Назарбоева, духтари раисиҷумҳури собиқи Қазоқистонро иваз кард, ки аз мақоми раиси Маҷлиси ин кишвар  барканор карда шуд.

Дафтари матбуоти Токаев бо нашри иттилоияи кӯтоҳе аз қатъи ваколатҳои Назарбоева дар Сенати Қазоқистон хабар дода, тафсилоти онро ироа накарда буд.  

Дариға Назарбоева аз соли 2016 узви Сенати Қазоқистон ва аз соли 2019 роҳбари он интихоб шуда буд.

Бар асоси қонунгузории Қазоқистон, раиси Сенат ҷонишини раисиҷумҳур ба ҳисоб рафта, дар сурати истеъфо, фавт ё дигар ҳолатҳои фавқулодда салоҳиятҳои роҳбари давлатро соҳиб мешавад.

Ин барканорӣ дар ҳолест, ки тайи моҳҳои охир Нурсултон Назарбоев дар расонаҳои давлатӣ, аз ҷумла телевизионҳо камтар пайдо мешуд. Дар натиҷа сарусадо дар бораи вазъи саломатии Назарбоев паҳн шуд, ки гӯиё хуб нест, аммо ҳафтаи гузашта Назарбоев бо баргузории ҷаласаи Шӯрои амният фарзияҳо дар бораи вазъи бади саломатиро ботил баровард.

Лентаи хабарҳо
0