Вазорат мегӯяд, “дурӯғ”: табибон аз ҳисоби худ намехаранд, кумакҳо ихтиёриянд

© Пресс-служба министерства здравоохранения Республики ТаджикиситанМинздрав Таджикистана при поддержке Всемирного банка приобрел 20 автомобилей скорой помощи
Минздрав Таджикистана при поддержке Всемирного банка приобрел 20 автомобилей скорой помощи - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабарҳо дар бораи онро, ки табибон аз ҳисоби худ ниқобу либосҳои муҳофизатӣ мехаранд, дурӯғ хонд

ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Вазорати тандурустӣ бо нашри як изҳорот, иддаои нашршуда дар муроҷиати созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро бепоя хонд.

Жители города Душанбе в защитных масках на улице - Sputnik Тоҷикистон
Сокинони Тоҷикистон дар моҳи май 12 рӯз истироҳат хоҳанд кард

Ин ниҳод иддаоро ки “кормандони тиб маҷбуранд, аз ҳисоби худ ниқоб, маҳлули безараргардонӣ ва либосҳои муҳофизатӣ харидорӣ намоянд”, овозаҳои бардурӯғ хонд.

Ин маълумотро мақомоти салоҳиятдори дахлдор рад карданд, таъкид кардааст Вазорат.

Дар мавриди хабарҳо, ки “дар баъзе минотиқи кишвар, аҳолӣ барои харидории лавозимоти муҳофизатӣ барои кормандони тиби минтақаҳои карантинӣ пул ҷамъ мекунад”, Вазорати тандурустӣ изҳор доштааст, ки ин кумаки ихтиёрӣ ва саҳми онҳо дар кори умумии мубориза бо COVID-19 мебошад.

Дар маҷмуъ Вазорати тандурустӣ эътироф кардааст, ки “дар амал, албатта, метавонад норасоии ягон лавозимот ё таҷҳизоти тиббӣ вуҷуд дошта бошад, зеро он ҳатто дар давлатҳои абарқудрат низ мушоҳида мешавад”.

Приветственная арка перед въездом в город Куляб. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бистарӣ шудани 30 нафар, аз ҷумла ноиби шаҳрдор дар Кӯлоб бо илтиҳоби шуш: шарҳи сардухтур

Ин ниҳод илова намуд, ки барои чунин ҳолатҳо набояд таҳлуқа ва васваса андохт.

Вазорат инчунин иқрор аст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ баъзан масофаи иҷтимоӣ ва дигар чораҳои пешгирикунанда аз ҷониби аҳолӣ риоя карда намешаванд.

“Аммо ин ислоҳшаванда аст, агар ба ашхоси вайронкунанда хатари рафтори беасоси онҳо фаҳмонида шавад”, - таъкид шудааст дар изҳорот.

Вазорат расонаҳоеро, ки чунин изҳороту муроҷиатҳоро нашр мекунанд, ВАО-и бефаҳм хонда, изҳор доштааст, ки мардумро иттилои нодуруст медиҳанд, фишори шадид ва тарси беасосро ба вуҷуд меоранд.

Продажа газет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Муроҷиати Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон: ҳама аз як гиребон сар барорем

Ин дар ҳолест, ки  Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ахиран ба вазорату идораҳои масъули кишвар, бахусус Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, хоҳиш кард, ки фаъолияти бахши иттилоотии худро тақвият диҳанд.

“Дар ҳамоҳангӣ бо Ситоди ҷумҳурявӣ ба ҷомеа ахбори саҳеҳро дар мавриди вазъи баамаломада ва тадбирҳое, ки андешида мешаванд, саривақт дастрас намоянд, то дар расонаҳои дохилу хориҷи кишвар, сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ боиси паҳн шудани гумону тахминҳои ғалат нагардад, зеро ҳаргиз ба манфиати давлат ва ҷомеа нест”, - таъкид кард Шӯрои ВАО.

Лентаи хабарҳо
0