Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Рустами Эмомалӣ бо ниқобу риояи фосила ба беморхонаҳо рафт- аксҳо

© дафтари матбуоти шаҳрдории ДушанбеРустами Эмомалӣ, раиси Душанбе ҳангоми боздид аз беморхонаҳо барои гирифторони коронавирус
Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе ҳангоми боздид аз беморхонаҳо барои гирифторони коронавирус - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, имрӯз бо ҷараёни таъсиси беморхонаҳои табобатӣ барои гирифторони COVID-19 дар ҳудуди пойтахт шинос шуд

ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, нахуст Рустами Эмомалӣ  бинои баландошёнаи сохтмонаш нотамомро, ки ҳамчун беморхона барои табобати беморони сироятӣ пешбинӣ шудааст, аз назар гузаронд.

Мужчина в маске на улице в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Афзоиши гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон: дар кадом шаҳру вилоят чанд нафар?

Манбаъ афзуд, корҳои сохтмонӣ дар бинои 8-ошёнаи мазкур моҳи апрели соли 2018 оғоз гардида, масоҳати 10 355 метри мураббаъро  фаро мегирад.   

Раиси шаҳр масъулини соҳаро вазифадор намудаст, ки корҳои сохтмону васлгарӣ ва рангу пардози биноро дар муҳлати 1 моҳ ба анҷом расонда, онро барои муолиҷаи то 200 нафар гирифторони бемориҳои сироятӣ бо тамоми шароити замонавӣ омода кунанд.

© дафтари матбуоти шаҳрдории ДушанбеБоздид аз макони ташкили беморхонаҳо барои гирифторони коронавирус дар Душанбе
Рустами Эмомалӣ бо ниқобу риояи фосила ба беморхонаҳо рафт- аксҳо - Sputnik Тоҷикистон
Боздид аз макони ташкили беморхонаҳо барои гирифторони коронавирус дар Душанбе

Шаҳрдорӣ иттилоъ дод, ки раиси Душанбе инчунин беморхонаи дигар, ки дар бинои 6-ошёнаи ҳозиразамон дар масоҳати беш аз 14 200 метри мураббаъ ҷойгир аст, дидан намуд.

© дафтари матбуоти шаҳрдории ДушанбеБоздид аз макони ташкили беморхонаҳо барои гирифторони коронавирус дар Душанбе
Рустами Эмомалӣ бо ниқобу риояи фосила ба беморхонаҳо рафт- аксҳо - Sputnik Тоҷикистон
Боздид аз макони ташкили беморхонаҳо барои гирифторони коронавирус дар Душанбе

“Беморхона аз 110 утоқи муолиҷавӣ ва 24 утоқи кори табибон, кабинетҳои доругузаронӣ ва табобатии соҳавӣ, ошхонаи замонавӣ барои 200 нафар дар як вақт ва дигар инфрасохтори зарурӣ иборат мебошад ва дар наздиктарин фурсат бо катҳои хоб ва дорувориву таҷҳизоти тиббии муосир муҷаҳҳаз гардонда мешавад”, - омадааст дар иттилоия.

© дафтари матбуоти шаҳрдории ДушанбеРустами Эмомалӣ, раиси Душанбе ҳангоми боздид аз беморхонаҳо барои гирифторони коронавирус
Рустами Эмомалӣ бо ниқобу риояи фосила ба беморхонаҳо рафт- аксҳо - Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе ҳангоми боздид аз беморхонаҳо барои гирифторони коронавирус

Рустами Эмомалӣ дастур додааст, ки  беморхонаи мазкурро дар муҳлати 3 рӯз барои қабул ва муолиҷаи  600 нафар гирифтори бемориҳои сироятӣ бо тамоми анвои доруворӣ, лавозимоти зарурии тиббӣ ва кормандони варзидаи соҳа тайёр кунанд.

Шаҳрдорӣ таъкид кард, ки барои муолиҷаи беморони сироятёфта дар кӯтоҳтарин муҳлат ба таври иловагӣ беморхонаҳои табобатӣ бо беш аз 3000 кати хобу шароити муосир фароҳам карда шаванд.

Лентаи хабарҳо
0