Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Коронавирус дар Афғонистон: мақомот маҳдудиятҳоро дар Кобул тамдид кард

© REUTERS \ Omar SobhaniДезинфекция прохожих на улицах Кабула, Афганистан
Дезинфекция прохожих на улицах Кабула, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Афғонистон ба хотири афзоиши шумори афроди олуда ба коронавирус дар кишвар, барои пешгирӣ аз паҳншавии ин вирус маҳдудиятҳоро дар шаҳри Кобул тамдид кард

ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Ба гузориши радиои Садои Хуросон, давлати Афғонистон ахиран эълом кардааст, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши коронавирус, мамнуъияти равуо дар Кобул то поёни моҳи мубораки Рамазон тамдид шудааст.

Кабул во время карантина - Sputnik Тоҷикистон
Зиндону ҷарима: муҷозоти шадид барои риоя накардани қарантина дар Кобул

Ин севумин бор аст, ки муддати замони маҳдудияти равуо дар шаҳри Кобул тамдид мешавад.

Вазорати кишвари Афғонистон низ чанде қабл эълом карда буд, ки маҳдудиятҳои равуо дар шаҳри Кобул шиддат хоҳад гирифт.

Худравҳои зиёд, бозорҳои кушода ва сокинони ниқобдор: шаҳри Кобул ҳангоми қарантина

Дар ҳамин ҳол Вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон ахиран эълом кард, ки шумори афроди олуда ба вируси корона дар ин кишвар ба ҳудуди  2500 нафар расидааст.

Бар асоси гузоришҳо, шумори қурбониёни корона дар Афғонистон ҳам ба 72 нафар афзоиш ёфтааст.

Лентаи хабарҳо
0