ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Хатлон ва дастгоҳи раиси вилоят низ тасмим гирифтанд, ки барои мубориза алайҳи коронавирус як қисми маоши худро ҳамчун кӯмак ба ин суратҳисоб гузаронанд, хабар дод котиботи дастгоҳи раиси Хатлон.
Манбаъ афзуд, ки Ҳакимзода инчунин ба аъзои ситоди вилоятӣ ва раисони шаҳру навоҳӣ дастур дод, ки вобаста ба ҳолати пешгирӣ аз пайдоиш, интиқол ва паҳншавии коронавирус дар қаламрави шаҳру ноҳияҳо тавассути пурзӯр намудани маъракаи безараргардонии ҷойҳои ҷамъиятӣ чораандешӣ шавад.
Аз ҷумла безараргардонии бинои ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликият (бо истифода аз техникаву технологияи мавҷуда), бозору нуқтаҳои савдо, нақлиёти мусофиркаш, кӯчаю боғу гулгаштҳо ва дигар ҷойҳои гардиши оммаи шаҳрвандон, риояи қатъии гигиенаи шахсӣ, махсусан аз ниқоб истифода намудан ва тозаю озода нигоҳ доштани манзили зисту коргоҳҳо, таъмини роҳрави безараргардонӣ ва маводҳои антисептикӣ таъкид шудааст.
"Тамоми роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо вазифадор карда шуданд, ки корҳои назоратиро дар ин самт пурзӯр намоянд, аз баргузории ҷамъомаду намоишҳо бо иштироки васеи аҳолӣ худдорӣ варзида, корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшанд. Шароити арзандаи кориро барои табибон дар маҳал муҳайё намуда, бо истифода аз ҳама имкониятҳо кумаку дастгириҳои иҷтимоӣ намоянд", - омадааст дар иттилоия.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода инчунин барои дастгирии кормандони соҳаи тиб, ки дар ин шабу рӯз ҷиҳати ҳифзи саломатии аҳолӣ заҳмат мекашанд, барои духтурони маълумоти олидор 500 сомонӣ, кормандони миёнаи тиббӣ 400 сомонӣ ва ҳайати хизматрасони муассисаҳои тиббӣ ба андозаи 300 сомонӣ кумакпулӣ ихтисос додааст.
Тибқи иттилои мақомоти Хатлон, барои чорабиниҳои пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории короновирус COVID-19 аз ҳисоби маблағҳои харҷномавӣ, маблағҳои махсус, бақияи озод ва даромади барзиёдатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 5 миллиону 358 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.