Сухангӯи Мишустин вазъи саломатии нахуствазири Русияро шарҳ дод

© Sputnik / Дмитрий Астахов / Гузариш ба медиабонкПредседатель правительства РФ Михаил Мишустин
Председатель правительства РФ Михаил Мишустин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳанӯз рӯзи панҷшанбе нахуствазири Русия аснои ҷаласаи фосилавии ҳукумат бо Владимир Путин аз мубталошавии худ ба маризии коронавирус хабар дода буд

ДУШАНБЕ, 3 мая — Sputnik. Дар робита ба вазъи саломатии нахуствазири Русия сухангӯи ӯ Борис Беляков ба РИА Новости хабар додааст, ки Мишустин ҳамоно таҳти назорати табибон қарор дорад.

"Михаил Владимирович таҳти назорати пизишкон қарор дорад. Табобаташро ҳоло идома медиҳад. Бар замми ин пайваста бо ҳамкорони худ дар тамос аст ва ҳуҷҷатгузориро ҷиддан назорат мекунад", - изҳор намудаст Беляков.

Ёдовар мешавем, ки нахуствазири Русия шахсан ба раисҷумҳур Владимир Путин зимни ҷаласаи фосилавии ҳукумат аз маризии худ хабар дод.

Врач в палате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ ба мулоқот бо намояндагони СУТ омодагӣ мебинад
Нахуствазири Русия таъкид дошт, ки сироятёфтанаш ба коронавирусро ташхисҳо тасдиқ намуданд.

Русия манъи вуруди шаҳрвандони хориҷиро ба қаламраваш дароз кард

"Ҳамин ҳоло маълум шуд, ки ташхисҳои, ки аз ман гирифта буданд натиҷаҳои мусбат доданд. Ман бояд, тибқи талаботи Хадамоти назорати истеъмолӣ (Роспотребнадзор) Русия ба қоидаҳои қарантина риоя карда,  тавсияҳои пизишконро риоя намоям", - афзуда  буд Мишустин.

Вай таъкид дошт, ки ӯ бояд саломатии ҳамкоронашро аз сирояти коронавирус ҳифз намояд.

Лентаи хабарҳо
0