ДУШАНБЕ, 3 мая — Sputnik. Парвози махсуси ширкати русӣ аз Тоҷикистон ба Русия лағв шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ширкат.
Ҳавопаймои "Уральские авиалинии" бояд субҳи 4 май аз Душанбе ба Екатеринбург парвоз мекард.
Аммо имрӯз ширкати русӣ хабар дод, ки парвоз то 5 май мавқуф гашт. Далели ин қазия рӯшан нест.
Ҳамин тавр, парвоз рӯзи сешанбе, соати 16:25 бо вақти маҳаллӣ сурат хоҳад гирифт.
"Рӯз ва соати парвози хатсайри №SVR8954 Душанбе – Сургут – Екатеринбург тағйирот ворид гардид.Парвоз 5 май, соати16:25 сурат мегирад", - омадааст дар иттилои манбаъ.
Ёдрас мешавем,парвозҳои бомаром байни Тоҷикистону Русия бо далели пандемияи коронавирус сар аз моҳи марти соли равон қатъ шуданд.