Марде, ки 29 сол якҷоя буд: коронавирус ба гирифтори фалаҷ ҳам раҳм накард

© AFP 2023 / BANARAS KHANВрач проверяет температуру тела мужчины, возвращающегося из Ирана в карантинную зону, для проверки на коронавирус COVID-19
Врач проверяет температуру тела мужчины, возвращающегося из Ирана в карантинную зону, для проверки на коронавирус COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Ӯзбекистон бемори 10-ум аз коронавирус даргузашт. Ӯ марде буд, ки 29 сол якҷоя ва гирифтори фалаҷ буд

ДУШАНБЕ, 3 мая — Sputnik. Дар Ӯзбекистон шумораи қурбониёни вируси корона як нафар бештар шуд, гузориш медиҳад Вазорати тандурустии кишвар. 

"Сокини Намангон, ки пештар гирифториаш ба КОВИД-19 тасдиқ шуда буд, даргузашт", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Жители города Душанбе в защитных масках на улице - Sputnik Тоҷикистон
Аз 76 ба 128: сабти 52 ҳолати нави сироятшавӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон
Бино бар иттилои ниҳод, марҳум 20 апрел ба бемористон интиқол дода шуда буд. 
Гуфта мешавад, ки мард маъюби гурӯҳи авал буд ва 29 сол боз якҷоя буд. Афзун бар ин, мард аз фалаҷ ва камхунӣ азият мекашид.

Вазорат таъкид мекунад, ки мард ҳангоми табобат дар беморхона ба таҷҳизоти нафасдиҳӣ пайваст карда шуда буд.

Фавти ду маризи коронавирус дар як рӯз: теъдоди қурбониён дар Қазоқистн ба 27 нафар расид

"Ба ҷидду ҷаҳди табибон нигоҳ накарда, вай аз норасоии шадиди роҳи нафас ва дилу рагҳо даргузашт", - афзуданд дар дафтари матбуот.

Пештар вазорат иттилоъ дода буд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ боз 9 ҳолати гирифторӣ ба КОВИД-19 тасдиқ шуд.

Лентаи хабарҳо
0