ДУШАНБЕ, 3 мая — Sputnik. Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва вакили парлумони Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукиаш дар пайи нашри сӯҳбаташ бо рӯзноманигорон изҳороте навишта, нигарон шудааст, ки сӯҳбати ӯро расонаҳо ранги дигар доданд.
Тавре ҷаноби Усмонзода тасдиқ кардааст, дар ҳақиқат вай дар беморхона қарор дорад ва ба маризии коронавирус гирифтор шудааст. Аммо аз хонаводааш каси дигаре бемор нест.
"Барои ҳамин ман сухан пеш овардам, ки барои пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ ва беҳ шудани вазъи ҷумҳурӣ чораҳои беҳтар дида шавад. Ман дар ҷараёни суҳбати телефонӣ гуфта будам, ки барои берун шудан аз вазъи пешомада ситоди ҷумҳуриро ҳадди ақал шахси дуюми мамлакат Рустами Эмомалӣ роҳбарӣ кунад", - менависад раиси ҳизб.
Усмонзода афзудааст, барои хеле хуб корсоз шудани фаъолияти штаб, ба он муовинон аз ҷумлаи вазири тандурустӣ, амният ва корҳои дохилӣ таъйин карда шавад.
"Имрузҳо тоҷирон нархи дорувори ва хурокаро баланд карданд ва танҳо дасти оҳанини сохторҳои қудрати метавонад бозору дуконҳоро назорати қотъиёна кунанд", - таъкид мекунад ҷаноби вакил.
Дар идома вай гуфтааст, ки пешниҳоди ҷорӣ кардани вазъи фавқуллода дар ҷумҳурӣ аз ҷониби ӯ, на изҳороти расмӣ, балки фикри шахсии худаш буд.
Бо супориши Рустами Эмомалӣ: дар Душанбе чораҳои зидди коронавирус пурзӯртар мешавад
"Инчунин дар ҷараёни суҳбат гуфта будам, ки дар ҳолати зарурӣ, Ҳукумати ҶТ метавонад вазъияти фавқулодда ё ягон тадбири ҷиддии пешгирикунанда эълон кунад. Албатта, ман ҳамчун шахси шоҳиди бевоситаи ин беморӣ аз вазъияти дар мамлакат ба вуҷудомада хеле дар ташвиш ҳастам. Ва ин пешниҳодҳои ман дар шакли суҳбат буд набояд ҳамчун як изҳороти расмӣ паҳн карда мешуд. Чунки фақат Ҳукумат қудрати идора кардани ҷомеаро дорад ва тасмими лозимаро метавонад роҳандози кунад", - омадааст дар анҷоми изҳороти вакили тоҷик.