Қарзи беш аз якмиллиардӣ ва ироаи сабукиҳо барои сохтмони "Роғун"

© Sputnik / Амир ИсаевРогунская ГЭС
Рогунская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо тасвиби тағйирот ба қонун дар бораи буҷаи давлатии ҷумҳурӣ барои соли 2020 ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” сабукиҳо ироа кард

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Юсуф Маҷидӣ, муовини вазири молияи Тоҷикистон, зимни муаррифии ин тағйирот гуфт, масқсади сабукиҳо ҷоннок намудани НБО ва таъмини иҷрои саривақтии уҳдадориҳои шартномавии “НБО Роғун” мебошад.

Олимзода Насим министр здравоохранения и социальной защиты населения РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазири тандурустӣ: аёдати нафарони дар қарантинбуда манъ, аммо овардани хӯрок мумкин аст

Ӯ афзуд, ки бо ин мақсад намояндаи фармоишгар-консортсиуми “Tractebel Engineering S.A.”, ҳангоми иҷрои кору хизматрасониҳо аз пардохти андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард озод карда мешавад. Аз сабукиҳо зерпудратчиёни консортсиуми мазкур бархӯрдор мебошанд.

Ироаи ин сабукиҳо дар ҳолест, ки қаблан Хайрулло Сафарзода, мудири кулли ҶСК “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” ҳаҷми қарздории нерӯгоҳро дар назди коршарикон дар оғози соли равон беш аз 1 миллиард сомонӣ арзёбӣ кард.

Мудири кулли "Роғун" масъалаи пардохти уҳдадориҳо дар назди коршариконро масъалаи ҳалталаб ва таъхирнопазир хонда, аз иҷозати давлат барои фурӯши бархе амволи “Роғун” истиқбол кард.

Ӯ изҳор дошта буд, ки нерӯгоҳи “Роғун” ҳоло дар тавозун дороии зиёд дорад, ки қисми он на дар маҳалли ҷойгиршавӣ, балки дар дигар минтақаҳои кишвар ҷойгиранд. Мудири кул тавзеҳ дод, ки истифодаи ин дороиҳо аз рӯи таъиноташон ғайриимкон мебошаду ҳар рӯз хароҷоти молиявиро барои нерӯгоҳ ба бор меоранд.

Лентаи хабарҳо
0