Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Мутахассисони Созмони ҷаҳонии беҳдошт барои мубориза бо COVID-19 ба Тоҷикистон омаданд

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкЭмблема Всемирной организации здравоохранения
Эмблема Всемирной организации здравоохранения - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коршиносон ва эпидемиологҳои Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт барои кӯмак баҳри мубориза ба коронавирус ба Тоҷикистон омадаанд

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Коршиносон ва эпидемиологҳои Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба Душанбе омадаанд,  хабар медиҳад сомонаи Дафтари Минтақавии СУТ дар Аврупо.

Жители города Душанбе в защитных масках на улице - Sputnik Тоҷикистон
Афзоиши гирифторони CОVID-19 дар Тоҷикистон: изҳороти Вазорати тандурустӣ

Қаблан хабар дода шуд, ки ба Тоҷикистон як ҳайати ТУТ иборат аз коршиносони соҳаи тиб ва эпидемиологҳо меояд.

"Як гурӯҳи коршиносони соҳаи тандурустӣ ва эпидемиологҳо бо дархости ҳукумат даъват карда шуданд, ки ба мақомоти тоҷикро дар омодагӣ ба пешгирӣ  аз паҳншавии эҳтимолии COVID-19 дастгирӣ кунанд", - омадааст дар иттилоия.

Гуфта мешавад, кормандони СУТ дар якҷоягӣ бо мутахассисони тоҷик хатарҳо ва вазъиятро арзёбӣ карда, инчунин дар таҳияи механизмҳои вокуниш, аз ҷумла имкононти лабораторӣ, кӯмак мерасонанд.

Ин ҳайати намояндагони Созмони ҷаҳонии беҳдошт тавассути ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" тариқи парвози махсус вориди Тоҷикистон шуданд.

Ёдовар мешавем,  рӯзи 30-уми апрел дар як ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ таҳти раисии сарвазир Қоҳир Расулзода, 15 мавриди сирояти шаҳрвандони кишвар ба вируси корона ё COVID – 19 эълон карда шуд, ки 5 ҳолат аз ин шумор ба шаҳри Душанбе ва 10 мавриди дигар ба вилояти Суғд, рост меояд.

Аммо мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон то ҳол макони аслии шуюъи ин беморӣ ба ҳисоби шаҳру ноҳияҳо шарҳ надодаанд.

Тибқи омори имрӯза, дар кишвар 32 ҳодисаи бемории сироятии коронавируси навъи CОVID-19, аз ҷумла 17 ҳодиса дар шаҳри Душанбе, 5 ҳодиса дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 10 ҳодиса дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шуд", - омадааст дар иттилоия.

Лентаи хабарҳо
0