Бонки миллӣ омори аз пневмония фавтидагонро гуфт

© Pixabay / Chokniti KhongchumВрач в клинике
Врач в клинике - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шумори фавтидагон аз бемории илтиҳоби шуш ва ё пневмония давоми 4 моҳи соли равон дар Тоҷикистон ба 95 нафар расидааст

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Дар ин бора дафтари матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ дода гуфтааст, шумори мубталоёни ин бемории илтиҳоби шуш тайи моҳҳои январ апрели соли равон 5489 нафарро ташкил медиҳад, ки 850 нафар нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад.

Карабиненко Александр - Sputnik Тоҷикистон
Карабиненко фарқи байни пневмония ва коронавирусро дар Тоҷикистон шарҳ дод

Тибқи иттилои манбаъ, шумори фавтидагон дар ҳамин давраи соли гузашта аз ин беморӣ аз 53 (1,1%) ба 95 нафар (1,7%) афзудааст.

Бонки миллӣ дар такя ба маълумотиҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ гуфтааст, ҳамасола дар ҷаҳон ба ҳисоби миёна аз 350 то 450 миллион нафар одамон ба бемории пневмония (илтиҳоби шуш) гирифтор мешаванд, ки аз ин шумора ба ҳисоби миёна аз 3 то 7 миллион нафари онҳо мефавтанд, ки аз 1,5 то 4,0 фоизи шумораи умумии беморшудагонро ташкил медиҳад.

“Инчунин, бинобар маълумоти расмии ташкилоти номбурда, фавт дар ҷаҳон аз ин беморӣ, пас аз бемориҳои дилу рагҳо, саратон, осебу заҳролудшавӣ ҷойи чорумро ишғол менамояд”,-афзудааст манбаъ.

Раҳмон маоши якмоҳаашро барои мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон таҳвил дод

Ёдовар мешавем,  рӯзи 30-уми апрел дар як ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ таҳти раисии сарвазир Қоҳир Расулзода, 15 мавриди сирояти шаҳрвандони кишвар ба вируси корона ё COVID – 19 эълон карда шуд, ки 5 ҳолат аз ин шумор ба шаҳри Душанбе ва 10 мавриди дигар ба вилояти Суғд, рост меояд.

Аммо мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон то ҳол макони аслии шуюъи ин беморӣ ба ҳисоби шаҳру ноҳияҳо шарҳ надодаанд.

Лентаи хабарҳо
0