Акнун парванда дар Тоҷикистон: марди маҳкумшуда дар Русия сокини пойтахтро корд зад

© Sputnik / Табылды КадырбековМужчина с ножом в руках, архивное фото
Мужчина с ножом в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти марди 41 солаи сокини шаҳри Ҳисор хабар дод, ки дар авбошӣ гумонбар дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 1 мая — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсия марди 41-солаи сокини шаҳраки Шарораи шаҳри Ҳисорро бо гумони содир намудани кирдори авбошӣ дастгир намуданд.

Нож, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ноболиғ дар рӯзи равшан сокини 16 - солаи Ваҳдатро корд зад

Тавре ВУД Тоҷикистон хабар медиҳад ин мард қаблан дар Русия бо моддаҳои 105 ва 158 Кодекси ҷиноятиии ин кишвар маҳкум шуда буд. 

Тибқи иттилдои манбаъ, номбурда, санаи 20-уми октябри соли равон, ҳангоми дар назди тарабхонаи “Шоми Шуғнон”, воқеъ дар кӯчаи Борбади ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қарор доштанаш бо марди 29-солаи сокини пойтахт ҷангу ҷанҷол карда, ӯро дашномҳои қабеҳ гуфта, бо корд 1-маротиба ба қисмати рӯяш задааст.

Масъулини ВУД Тоҷикистон таъкид доштанд, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Дар ҳоли ҳозир, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0