ДУШАНБЕ, 1 мая — Sputnik. Абдулаҳад Вализода сухангуи пулиси вилояти Ҳирот гуфт, дар ин ҳамла, ки асри чоршанбе анҷом шуд, панҷ неруи артиши Афғонистон захмӣ шуданд, иттилоъ додааст Садои Хуросон.
Токунун гуруҳе масулияти ин ҳамларо ба уҳда нагирифтааст.
Ҷасад мекофтанд: полиси Афғонистон панҷ сокини Тоҷикистонро озод кард
Дар ҳамин ҳол пулиси вилояти Балхи Ағонистон ҳам эълон кард, неруҳои артиш ва амниятии ин кишвар гуруҳи Толибонро дар шонздаҳ шаҳристони ин вилоят шикаст додаанд. Дар ин даргириҳо, давоздаҳ узви гуруҳи Толибон аз ҷумла ду саркардаи ин гуруҳ ва панҷ неруи артиши Афғонистон кушта шуданд.
Ноамнӣ дар наздикии марзи Тоҷикистон: даргирии артиши Афғонистон бо ҷангҷӯёни Толибон
Дар ҳафтаҳои ахири ҳамлаҳои гуруҳи Толибон ба минтақаҳои мухталифи Афғонистон ташдид шуда ва ин гуруҳ дархости оташбаси Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии ин кишварро низ рад кардааст.