Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Рекорди нав дар Русия: мубтало шудани 7000 кас дар як рӯз ба COVID -19

© AP / Paul SancyaМедицинские сотрудники проверяют защитные маски, архивное фото
Медицинские сотрудники проверяют защитные маски, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Русия афзоиши рекордии гирифторони коронавируси навъи COVID - 19 ба қайд гирифта шуд. Дар як шабонарӯз дар ин кишвар беш аз 7 ҳазор кас мариз шуд

ДУШАНБЕ, 30 апр – Sputnik. Дар Русия афзоиши рекордии сироятшавӣ ба коронавирус сабт гардидааст.

Бино ба гузориши ситоди фаврии мубориза бар зидди коронавирус, шабонарӯзи гузашта дар Русия 7099 ҳолати нави гирифторӣ ба ин вабои аср ба қайд гирифта шудааст.

Препарат против коронавируса - Sputnik Тоҷикистон
Олими тоҷик дар Бритониё роҳи муолиҷаи коронавирусро нишон дод

Сироятшавӣ дар 85 минтақаи Русия ба қайд гирифта шудааст.

Владимир Путин боз рӯзҳои истироҳат эълом кард

Ҳамин тавр, шумораи умумии гирифторони сирояти коронавируси навъи COVID - 19 - 106,5 ҳазор нафарро ташкил дод.

Бештарин ҳолатҳои гирифторӣ ба ин беморӣ дар Маскав ба қайд гирифта шуд. Дар пойтахти Русия дар шабонарӯзи газшата 3,1 ҳазор бемор сатб гардид. Вилояти Маскав бо 793 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус дар ҷойи дуюм қарор гирифт. Сегонаи аввали бештарин гирифторони коронавирусро шаҳри Санкт-Петербург пур мекунад. Дар ин шаҳр дар давоми шабонарӯзи гузашта 336 кас мубталои коронавирус шуд.

Ситоди фаврӣ афзуда, ки дар давоми шабонарӯзи гузашта 1333 кас аз бемористон мураххас шудаву шумораи умумии шифоёфтагон ба 11,6 ҳазор нафар расид.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки рӯзи гузашта 101 нафар аз беморӣ ҷон бохта ва дар умум 1073 нафар аз ин беморӣ ба ҳалокат расидааст.

Лентаи хабарҳо
0