Шамоли сахт дар Хуҷанд даҳҳо дарахтро решакан ва хатҳои барқиро хароб кард

© Пресс-служба города ХуджандГород Худжанд, последствие сильного ветра
Город Худжанд, последствие сильного ветра  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бар асари вазиши шамоли сахт ва боришоти пуршиддати борон, ки шомгоҳи дирӯз ба амал омад, даҳҳо дарахт дар маҳаллаҳои Хуҷанд решакан шуда ва хатҳои интиқоли барқ хароб шудаанд

ДУШАНБЕ, 30 апр – Sputnik. Маъмури Юсуфзод, сардори маркази матбуоти ҳукумати Хуҷанд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, вуқуъи ин офати табии дар зимн зарари калони моддӣ дар пай гузошта, хушбахтона талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Стенд на празднике лепешек в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
Нони бепул ба ниёзмандон: иқдоми рамазонии "Амид" дар Хуҷанд

 "Тибқи иттиллои масъулини Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналии шаҳр офати таббӣ асосан ба дарахтону ноқилҳои барқӣ таъсир расонидааст. Беш аз 50 бех дарахтони азимҷусса афтида, ба иншооти гуногун таъсири моддӣ расонидаанд. Ҳамзамон ноқилҳои барқӣ дар маҳаллаҳои шаҳр канда шуда, боиси як муддат қатъ гардидани барқ низ шуд, ки дар фосилаи кӯтоҳ ба манзили сокинон қувваи барқ барқарор карда шуд”,- гуфт Юсуфзод.

Масъули матбуоти ҳукумати Хуҷанд зикр кард, ки вазиши шамоли сахти бегоҳии дирӯз ба кори чанд иншооти тоза бунёдшаванда таъсир расонидааст. Деворҳои иҳотавии ин иншоотҳо, ки аз метал иҳота шуда буданд, канда шуда, дар баъзе маҳаллаҳо боиси мушкил шудани ҳаракати нақлиёт шудааст.

“Раванди бартарафкунии зарари офати таббӣ аз сӯи масъулини дахлдор ҷараён дорад”, - афзуд Юсуфзод.

Дар ҳамин ҳол сокинони навоҳии Суғд ҳам дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон аз боридони борону жолаи пуршиддати шаби гузашта хабар медиҳанд, ки ба гулу меваи дарахтон ва киштзорҳо асар кардааст.

 Манобеъ мегуянд, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд аз рухдоди ин офати табиӣ дар ҷараён буда, барои бартарафнамоии паёмадҳои он ба масъулин дастур додааст.

Лентаи хабарҳо
0