Зулфиқори Исмоилиён: интиқоли маблағҳои муҳоҷирон то 50 дар сад кам мешавад

© из личного архива Зулфикора ИмоилёнаЭкономический эксперт Зулфикор Исмоилён.
Экономический эксперт Зулфикор Исмоилён. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коҳиши интиқоли маблағҳои муҳоҷирон ба иқтисоди Тоҷикистон чигуна таъсир хоҳад расонид? Ба ин суол иқтисодшиноси тоҷик Зулфиқори Исмоилиён посух гуфт

Бино бар пешбинии Бонки ҷаҳонӣ, дар натиҷаи бӯҳрони иқтисодие, ки ба далели пандемияи коронавирус ба миён омадааст, интиқоли маблағҳои муҳоҷирон то 20 дар сад коҳиш хоҳад ёфт.

Исмоилён о сокращении денежных переводов: повлияет на экономику Таджикистана

Бино бар гуфтаи иқтисодшиноси тоҷик Зулфиқори Исмоилиён дар Тоҷикистон ин нишондод ба маротиб зиёд хоҳад шуд.

"Ба фикри ман коҳиши интиқоли маблағҳо, на 20 дар сад, балки то 50 дар садро ташкил хоҳад дод. Зеро феълан ба сабаби карантин бештари муҳоҷирон бекоранд ва маълум нест, ки ин вазъият то кай идома меёбад", - гуфт коршинос ба Sputnik Тоҷикистон.

Зулфиқори Исмоилиён бо хулосаи Бонки ҷаҳонӣ ҳамрайъ аст - Тоҷикистон кам шудани маблағи интиқолҳоро сахт "эҳсос" хоҳад кард.

"Ин албатта ба иқтисоди Тоҷикистон таъсир хоҳад кард, зеро якумаш, мардум он чизеро ки мехоҳанд, харидорӣ карда наметавонанд. Дувумаш, зиндагии мардумро бекорие, ки дар Тоҷикистон аст, вазнинтар хоҳад кард", - таъкид мекунад иқтисодшинос.

Ба гуфтаи вай, агар интиқолҳо 20 дар сад кам шванд ҳам, таъсири он ба иқтисод 50 дарсад хоҳад буд, он ба ММД низ асар мекунад.

"Маоши давлатӣ танҳо 30 дарсад - ба пардохти пули гаp ва харидории  эҳтиёҷоти аввалия кифоягӣ мекунад. Боқимонда, 70 дар саде, ки мардум истифода мекарданд, пули муҳоҷирон буд", - гуфт дар анҷом вай.

Лентаи хабарҳо
0