Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Суоли рӯз: донишҷӯён кай таътил мешаванд?

© Sputnik / Амир ИсаевТотальный диктант в Душанбе
Тотальный диктант в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пас аз эълон шудани таътили боғчаву мактабҳо интизор мерафт, рӯзи душанбе, 27 апрел, масъалаи таътили донишҷӯёни Тоҷикистон низ яксара шавад, аммо бо гузашти як рӯз ҳамоно мақомот таъхир мекунанд

ДУШАНБЕ, 28 апрел – Sputnik. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар ин бора шарҳе намедиҳад, аммо бино ба иттилои дарёфтӣ, ин вазорат ҳамоно мунтазири иҷозаи Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, ҳамзамон раиси Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз пандемияи маризии вируси корона ё COVID – 19, мебошад, ки ба чӣ тасмим мерасад. Аммо ин Ситод аз кадом хотир таъхир мекунад, равшан нест.

Дар ҳамин ҳол, дар тамос бо Sputnik Тоҷикистон масъулини донишгоҳҳи кишвар изҳор доштанд, ки мунтазири амри вазорати маориф ва илм ҳастанд. Дар ҳоле, ки худи вазорат мунтазири амри Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз пандемияи маризии вируси корона ё COVID – 19 аст.

Як манбаъ аз вазорат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳар чӣ расмиёт аст, дар ихтиёри Ситод гузошта шудааст.

"Дирӯз Шӯрои ректорон доир гардид. Дар катори дигар масъалахо ин масъала низ баррасӣ шуд ва ихтилофи назархо вуҷуд дошт. Вазорат ҳамаи инро ба Ситод расонд. Ҳоло мутназир меравад, ки чӣ тасмим гирифта мешавад", - гуфт ин манбаъ.

Аммо масъулини донишгоҳҳо мегӯянд, амалан, дар аксари курсҳо дарсҳо ба интиҳои худ расидаанд, аз ин хотир, эҳтимоли рухсат кардани онҳо аз рӯзи душанбеи оянда ва ё тезонидани сессия ё имтиҳоноти солона вуҷуд дорад. Эҳтимолан дарсу имтиҳонот то 10 май идома ёбанду аз он пас донишҷӯён то моҳи сентябр ба таътили тобистона раванд.

Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
“Дезинфексия”, на карантин: тамоми мактабҳои Тоҷикистон таътил шуданд

Шанбеи гузашта, 26 апрел, вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо дастури Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз пандемияи маризии вируси корона ё COVID – 19 эълон кард, ки аз 27 апрел то 10 майи соли 2020 муваққатан дар муассисаҳои таълимӣ - кӯдакистону боғча, мактабҳо, литсейҳои касбӣ – техникӣ, коллеҷҳо - таътил эълон карда шавад.

Коршиносон мегӯянд, кори донишгоҳ аз макотиб фарқи зиёд мекунад, аммо вазъи кунунӣ бояд воқеъӣ таҳлил шавад. Ба қавли онҳо, вазъи сиҳии кишвар дар робита бо густариши маргумирҳо аз маризии пневмония рӯз ба рӯз ба вахомат мегарояд ва ин ҳол зарурати ҳар чӣ зудтар таътил кардани донишгоҳҳоро ба миён овардааст.

Бахтиёр Ҳамдамов, коршиноси тоҷик мегӯяд, таътили донишҷӯён ҷанбаҳои мусбати манфии худро дорад, аммо як амри ногузир буда, дар кори он суд бештар аз зиён аст.

"Воқеан, мо дар як вазъияти истисноӣ қарор дорем. Бо таътили донишгоҳҳо нақлиёти ҷамъиятии пойтахт ва шаҳрҳо сабук шуда, хобгоҳҳои донишҷӯён минҳайси манбаъи густариши маризиҳои сироятӣ амн мешаванд. Ин кӯмак ба волидайнест, ки фарзанди донишҷӯ дорад. Маълум ки роҳи Русия баста, мардум ҳам бекору бепул шудааст. Донишҷӯёни деҳотӣ дар корҳои кишоварзӣ ба волидайн кумак мерасонанд. Аз ҳама муҳим дили падару модарон ором мегирад", - гуфт Бахтиёр Ҳамдамов.

Коршиносон мегӯянд, донишҷӯён беҳтарин ҳомили ҳама гуна вирус мебошанд, зеро тану ҷони сиҳату онҳо кам осебпазир, аммо паноҳгоҳи амне барои ҳама гуна вирус аст. Ба қавли онҳо, дар ҳоли густариши маризии "вируси корона" маҳз донишҷӯён интиқолдиҳандаи ин вабои қарни 21 аз пойтахт ба музофот ё аз шаҳрҳо ба деҳот хоҳанд буд.

Лентаи хабарҳо
0