Путин: бояд ба ҳар гуна рушди сенарияи коронавирус омода шуд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Русия Владимир Путин дар робита ба пешгирии паҳншавии коронавирус дар кишвар, ҷаласаи васеъ баргузор кард

ДУШАНБЕ, 28 апрел – Sputnik. Дар мубориза бо коронавируси навъи COVID - 19 бояд ба ҳар гуна сенарияи рушд омода бошем, гуфт президенти Русия Владимир Путин.

"Бояд ҳама гуна рушди сенарияро ба назар гирифт ва омода шуд", - гуфт Владимир Путин дар ҷаласаи васеъ бо губернаторҳои кишвар.

Владимир Путин боз рӯзҳои истироҳат эълом кард

Президент РФ В. Путин провел встречу с губернатором Воронежской области А. Гусевым - Sputnik Тоҷикистон
Владимир Путин боз рӯзҳои истироҳат эълом кард

Путин қайд кард, ки раҳбарони минтақаҳо бояд, ҳар як имкониятро барои захираи бештар истифода кунанд. Набояд танҳо нақшаро иҷро кард, бояд дар бораи оянда фикр кард, афзуд президент.

Ба гуфти Путин таҷрибаи мубориза бар зидди паҳншавии коронавирус нишон медиҳад, ки қарорҳои имрӯз қабулшуда барои фардо метавонанд, нокифоя бошанд.

"Бо эпидемияи коронавирус ҷаҳон бори нахуст рӯ ба рӯ шудааст. Вале ба шарофати олимон ва пизишкон имрӯз мо дар бораи ин беморӣ дар қиёс бо гузашта, бештар медонем. Ва дар ин росто мо имконият дорем пешгӯиямонро дақиқтар намоем", - афзуд президент.

Ёдрас мешавем, ки то имрӯз дар Русия беш аз 93,5 ҳазор кас мубталои коронавирус шудааст. Пизишкон тавонистанд 8,5 ҳазор беморро шифо бахшида, 867 кас ҷон бохтааст.

Лентаи хабарҳо
0