ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Ширкати ҳавоии русии "Уральские авиалинии" аз Душанбе ба Русия парвозҳои махсус анҷом медиҳад.
Тавре дафтари матбуоти ширкати ҳавоӣ хабар додааст, танҳо шаҳрвандони Русия метавонанд савори ҳавопаймо шаванд, ки дар Тоҷикистон дар мондаанд.
Парвоз аз Душанбе ба Сургут ва Екатеринбург ба 30 апрел ба нақша гирифта шудаст. Худи ҳамон рӯз, хатсайри Душанбе-Новосибирск низ анҷом дода мешавад.
Ёдрас мешавем, мушкилии парвози шаҳрвандон ба ватанашон қариб, ки дар тамоми кишварҳо ба миён омадааст. Зеро бинобар чораҷӯиҳои пешгирикунандаи коронавирус парвозҳо лағв гаштанд.
Чунончи, шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои Русия дар мондаанд, интизори баргштан ба ватананд.
Ду парвози дигар аз Душанбе ба Акаба ва Маскав ба 3 май ба нақша гирифта шудааст.