Омори аҷиб: дар се моҳ 140 тоҷикистонӣ ба Ӯзбекистон кӯчиданд

© Sputnik / Амир ИсаевКПП "Равот" на границе Таджикистана и Узбекистана в городе Канибадам, архивное фото
КПП Равот на границе Таджикистана и Узбекистана в городе Канибадам, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маълум шуд, ки дар се моҳи аввали соли равон чанд тоҷикистонӣ ба кишвари ҳамсоя кӯчиданд ва чанд шаҳрванди Ӯзбекистон ба Тоҷикистон барои ҳамешагӣ омаданд

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Кумитаи давлатии Ӯзбекистон омори  вазъи демографӣ дар кишвар, аз ҷумла муҳоҷиратро нашр кардааст.

Президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон
Ҳимояи ҷойҳои корӣ: Трамп муҳоҷират ба Амрикоро боздошт
Бино бар иттилои манбаъ, дар се моҳи аввали соли 2020 ба кишвар 490 шаҳрванди хориҷӣ кӯчиданд.

Аз ин шумора, тақрибан, се дар якаш шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Яъне 140 тоҷикистонӣ кишваро ба қасди Ӯзбекистон тарк карданд.

Аммо шумораи ӯзбекистониёне, ки барои зиндагӣ Тоҷикистонро интихоб кардаанд, ҳамагӣ 15 нафарро ташкил медодааст.

Вазорати муҳоҷирати Тоҷикистон гуфт, муҳоҷирони "сироятшуда" бояд ба куҷо муроҷиат кунанд

Дар ҳамин ҳол, қазоқистониҳо пешсафанд, ки шумораи онҳо 167 нафарро ташкил додааст.

Дар бештари ҳолатҳо муҳоҷирон ё Тошканд ва ё вилояти Тошкандро интихоб мекунанд.

Аз Ӯзбекистон бошад бисёртар ба Қазоқистон ва Русия ҳиҷрат мекарданд.

Лентаи хабарҳо
0