ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, мудирияти шабакаи телевизионии НТК эълом кардааст, ки ин филм сирфан бо муҳтавои танз ва шухӣ сохта шуда ва ба далели эътирози тоҷикҳо аз мардуми Тоҷикистон узрхоҳӣ мекунад.
Дар ин филм, ки соли 2012 сохта шудааст лаҳзащои тавҳиномезе дар бораи сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон ва коргарони муҳоҷири тоҷик мушоҳида мешавад, ки муҷиби хашми корбарони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ шудааст.
Мудирияти шабакаи телевизионии НТК таъкид кардааст, ки хостори зиндагии мусолиматомези тамомии қавмҳо аз ҷумла тоҷикҳо дар Қазоқистон мебошад ва ба се забони русӣ, қазоқӣ ва тоҷикӣ аз тоҷикҳо маъзаратхоҳӣ кардааст.
Бауржан Жубантиров намояндаи ин шабака гуфтааст, ки иштибоҳи худро дарк карда ва лаҳазоти тавҳиномезро аз ин филм ҳазф кардаанд.
Аз дидгоҳи вай зоҳиран иддае ҳатто пас аз маъзаратхоҳии тарафи Қазоқистон аз тоҷикҳо бо интишори ин лаҳза аз филм қасди доман задан ба ихтилофи миёни қазоқҳо ва тоҷикҳоро доранд.
Дар ҳамин ҳол, чанде қабл Раёсати иттилоот ва матбуоти ВУХ Тоҷикистон мегӯяд, дар робита ба ин филм, 27 апрел ба Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон ёддошт фиристодааст.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикисто талаб намудааст, ки ба фаъолияти маркази продюсерии "B.A.S production", ки силсилафилмро ба навор гирифтааст ва фармоишгари он – ҶДММ "Канали телевизионии мустақил" баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.
Ҳамзамон, Раёсати иттилоот ва матбуот таъкид намудаст, ки қазияро ҷиддан таҳти пайгирӣ қарор додааст.