Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Русия аз Чин пеш гузашт: теъдоди дардмандони коронавирус ба беш аз 80 ҳазор нафар расид

© Sputnik / Ilya Pitalev / Гузариш ба медиабонкБригада скорой медицинской помощи доставила пациента с подозрением на коронавирус в больницу в Коммунарке
Бригада скорой медицинской помощи доставила пациента с подозрением на коронавирус в больницу в Коммунарке - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Федератсияи Русия феълан 87,1 ҳазор дардманди маризии сироятии коронавирус ба қайд гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Тибқи иттилои вебсайти Worldometers, ки маълумотҳои нав дар мавриди маризии коронавирусро ҷамъоварӣ менамояд, Русия аз лиҳози шумораи дармандони ин беморӣ аз Чин пеш гузаштааст.

Ба иттилои манбаъ, то 27 апрел дар Русия 87 147 нафар ба бемории коронавирус гирифтор шудаанд. Танҳо дар рӯзи охир дар кишвар қариб 6,2 ҳазор ҳолати нави сироятшавӣ ба ин беморӣ ба  қайд гирифта шудааст.

Нахустин ҳолати сироятшавӣ ба коронавирус дар Русия ҳанӯз 31 - уми январ дар вуҷуди ду шаҳрванди Чин ошкор гардида буд.

Пресс-секретарь президента России Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон
Песков гуфт, Русия чӣ гуна аз қарантина мебарояд
Ба ҳамин минвол, Русия дар феҳрасти кишварҳои олудаи маризии коронавирус як зина поён, дар мақоми 9 - ум ҷой гирифт. Чин бошад мақоми қаблии Русияро аз худ намуда, ҷойи 10 - умро касб кард.

Охирин омор: Гирифторони коронавирус дар ҷаҳон ба 3 миллион наздик шуд

Амрико ҳамоно дар ин рейтинг пешсаф буда, мубтало гардидани 100 ҳазор амрикоӣ ба коронавирус таъйид шудааст. Дар ҷои дуюм Испания бо 226,6 ҳазор бемор ва  Италия бо 197 ҳазор мариз дар мақоми сеюм ҷой гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0