Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи СУТ коронавирусро баррасӣ кард

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин
Министр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва мудири минтақавии Созмони Беҳдоштии Ҷаҳонӣ телефонӣ сӯҳбат карданд

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва мудири минтақавии Созмони Беҳдоштии Ҷаҳонӣ дар мавриди вазъияти бемории коронавирус дар Осиёи Марказӣ бо якдигар телефонӣ сӯҳбат карданд.

Дар ин бора вебгоҳи ВУХ Тоҷикистон хабар медиҳад.

Медицинский персонал перемещает тела из медицинского центра Wyckoff Heights в рефрижератор в Бруклине, Нью-Йорк - Sputnik Тоҷикистон
СҶБ: коронавирус дар ИДМ авҷ гирифт, аммо то ҳол ба Тоҷикистону Туркманистон нарасидааст

Гуфта мешавад, Сироҷиддин Мӯҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Ҳанс Каллож, мудири минтақвии Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ дар мавриди роҳҳои пешгирӣ аз бемории коронавирус, таъсироти он дар иқтисоди кишвар ва кӯмакҳои Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон, барои пешгирӣ аз бемории коронавирус сӯҳбат карданд.

Афзун бар ин вазир рӯзи 24 апрел бо шарикони рушди мамлакат 24 апрел баргузор гардид.

Дар мулоқот Ҳамоҳангсози кишварии СММ Сезин Синаноғлу, Сафири ИМА Ҷон Марк Поммершайм, Сафири Германия Андреас Протманн, Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо Мэрилин Йосефсон, Роҳбари Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Галина Перфилйева, Роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ Лучиано Калестини ва роҳбари Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Питер Олтерс иштирок намуданд.

Боз зиёд шуд: наздики 6 ҳазор ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавирус дар Русия

Дар мулоқот ҷонибҳо дар бораи иқдомҳои муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон дар заминаи пешгирии хуруҷи бемории ҳамагири COVID-19 ва пайомадҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии он ба ҷумҳурӣ табодули назар намуданд.

 

Лентаи хабарҳо
0