Таркиш дар реактори чаҳоруми нерӯгоҳи Чернобил дар 26-уми апрели соли 1986 бадтарин фалокати нерӯгоҳи атомӣ дар таърихи инсоният ба шумор меравад.
Бар асари садама, ҳазорон нафар дар Украинаву Беларус ва вилоятҳои ҳаммарзи Русия ва ҳамин тавр, ҳазорон нафаре, ки аз саросари Иттиҳоди Шӯравӣ барои рафъи оқибаҳои фалокат сафарбар шуданд, заҳролуд шуданд.
Аз Тоҷикистон беш аз шаш ҳазор нафар барои рафъи оқибатҳои садама рафта буданд.
Як рӯз баъд аз садама ҳама сокинони шаҳри Припят ба минтақаи амн интиқол дода шуданд, баъдан аҳолии манотиқи даҳ километр дур аз Чернобилро кӯчониданд. Солҳои баъдӣ ҳукумати Шӯравӣ мардумеро, ки дар 30-километрии нерӯгоҳ мезистанд, ба дигар манотиқ интиқол дод.
Ёдрас мешавем, ки барои бартараф намудани оқибатҳои таркиш дар Чернобил беш аз 600 ҳазор нафар аз тамоми кишварҳои собиw Иттиҳоди Шуравӣ ҷалб карда шуда буд.
Sputnik Тоҷикистон наворҳои таърихиеро, ки дар соатҳои аввал баъд аз садама сабт шудааст пешкаши тамошобинон мекунад.