Мақомоти Конибодом: дар соли равон аз 43 корхонаи саноатӣ 22 корхона фаъолият накард

Обуна шудан
Раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода дар ҷаласаи оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар семоҳаи якуми соли равон таъкид дошт, ки гарчанде дар аксарияти соҳаҳо пешравӣ ба назар мерасад, аз 43 корхонаи саноатӣ 22 корхона фаъолият накардааст

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Конибодом, дар ҷаласаи мазкур зикр гардидааст, ки нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо 101 фоиз, андози иҷтимоӣ 100 фисад, андозҳо 101 дарсад иҷро гардидааст.

Маруф Мухаммадзода - Sputnik Тоҷикистон
Ситоди шаҳри Хуҷанд: бозорҳо назорат шаванд ва савдои кӯчагӣ аз байн бардошта шавад

Аммо ба гуфтаи мақомоти шаҳри Конибодом гарчанде дар аксарияти соҳаҳо пешравӣ ба назар расад ҳам, бақияи қарзи андоз афзоиш ёфта, аз 43 корхонаи саноатӣ 22 корхона фаъолият накардааст.

Гуфта шудааст, ки раиси шаҳр Зафарбек Давлатзода натиҷаи фаъолияти кулли соҳаҳоро мавриди таҳлил қарор дода, назди масъулин барои ислоҳи камбудиҳо, аз ҷумла, таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба тухмии босифати пахта, андешидани тадбирҳо барои мубориза алайҳи малах, бунёди боғҳои нав, гармхонаву сардхона, ҳалли муаммои истифодаи замини ҶС “Сайҳун”, афзоиш бахшидани истеҳсоли шир, беҳбудии ҳолати мелиоративии заминҳои киштшаванда дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Инчунин раиси Конибодом ба масъулин супориш дод, ки сохтмони синфҳои иловагӣ, таъминоти мактабҳо бо мизу курсӣ ва компютер, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, ба роҳ мондани фаъолияти корхонаҳои равғанбарорӣ, марказҳои атласу адрасбофӣ, ҳунарҳои мардумӣ, вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ, азнавсозии боғи марказии шаҳр, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ таъмин гарданд.

Лентаи хабарҳо
0