ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон содироти сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо ба сатҳи рекордӣ поин омад ва қариб қатъ гардид. Нишондиҳандаҳои ин ҷабҳаи муносибатҳои тиҷоратӣ то 0,5% поин рафтааст.
"Содироти металҳои қиматбаҳо аз Тоҷикистон поин нарафт, аммо онро танҳо маҳдуд карданд. Маҳдудсозии cодирот танҳо бо як мақсад - пур кардани захираҳои асъории кишвар равона шуд", - гуфт Уткин ба Sputnik Тоҷикистон.
Ба гуфтаи коршинос, ин комилан қарори дуруст аст, зеро ҳоло захираҳои асъорро нигоҳ доштан лозим аст. Ба ақидаи ӯ, дар ояндаи наздик Русия низ ин роҳро пеш мегирад.
"Барои ба даст овардани асъор, лозим аст, ки баъзе молҳои асъориро фурӯхт. Нефт арзон шуд, бензин арзон шуд, бозорҳо танг шуданд, фурӯш кам шуд ва аммо тиллоро худамон истихроҷ мекунем, ва онро аз истихроҷгарон харидан мумкин аст.
Вай қайд кард, ки ин як роҳи хеле хуб барои пур кардани захираҳои асъории кишвар мебошад.
"Тилло пул, асъор аст. Тилло арзон намешавад", -мегӯяд Уткинм