ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Сар аз 25 - уми апрели соли ҷорӣ дар Тоҷикистон баргузории чорабиниҳои варзишӣ мавқуф гузошта шуданд.
Дар ҷаласаи ситоди мазкур таҳти роҳбарии сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, тасмим гирифта шуд, ки ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ аз коронавирус баргузор гардидани чорабиниҳои омавӣ – варзишӣ манъ карда шаванд.
Беш аз 800 ҳазор: теъдоди шифоёфтагон аз коронавирус рӯ ба афзоиш аст
Ҳамин тариқ, дар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус дар тамоми қаламрави мамлакат муваққатан ташкил ва гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳои омавӣ – варзишӣ, боздошта шуд.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон ҳоло мавориди зуҳур кардани маризии коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Тоҷикистону Туркманистон ду кишвари аъзои ИДМ мебошанд, ки аз ин маризии даҳшатбор дар канор монданд.