Нашри "Роҳнамо барои ҳимоя аз коронавирус ё КОВИД-2019" аз ҷониби олимони Чин дар Суғд

© REUTERS \ NIAID-IRFМикрофотография частиц коронавируса в клетке зараженного человека
Микрофотография частиц коронавируса в клетке зараженного человека - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар дастури мазкур роҳҳои ҳимоя намудани худ аз вирусҳо ва эҳтиёт аз мубталошавӣ ва ҳамзамон таҷрибаи гиёҳҳои шифобахш дар ҳолатҳои фишорбаландӣ ва сармохӯрдагӣ ба тафсил шарҳ дода шудааст, ки барои хонандагон ва донишомӯзон роҳнамои хубе хоҳад буд

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Дар Донишкадаи Конфутсийи назди Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон (ДКМТ) воқеъ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд аз ҷониби мутахассисони варзидаи ин макон дастури машваратие таҳти унвони “Роҳнамо барои ҳимоя аз коронавирус ё худ КОВИД-2019” бо забони русӣ ба нашр расид, хабар додааст “Ховар”.

Раджаббой Ахмадзода, глава согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
“Эҳтиёт кунеду ба он тараф нагузаред”: дастури Аҳмадзода барои пешгирӣ аз коронавирус

Дар дастури мазкур роҳҳои ҳимоя намудани худ аз вирусҳо ва эҳтиёт аз мубталошавӣ ва ҳамзамон таҷрибаи гиёҳҳои шифобахш дар ҳолатҳои фишорбаландӣ ва сармохӯрдагӣ ба тафсил шарҳ дода шудааст, ки барои хонандагон ва донишомӯзон роҳнамои хубе хоҳад буд. 

Ба иттилои манбаъ, тартибдиҳандагони ин дастури ҳимоявӣ ё роҳнамо барои пешгирӣ аз коронавируси нав Сун Даман-профессори Донишкадаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи нафти Чин (Хуадун) ва Жен Гентян –директори Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон мебошанд.

Гуфта мешавад, дастури мазкур зери таҳрири профессори Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон Зафар Розиқов ба нашр омода гардидааст.

Профессор Зафар Розиқов гуфтааст, “дигар замоне фаро расидааст дар канори ҳамдигар бошем ва вазъияти баамаломадаро пешгирӣ намоем. Зеро коронавирус ё пандемияи (КОВИД-2019) ҳоло ҷаҳонро ба вазъияти буҳронӣ овардааст ва ҳар яки мо бояд барои пешгирӣ аз чораҳои эҳтиётӣ кор бигирем…”.

Феълан дастури мазкур ба донишҷӯён ва доираи васеи омӯзгорон тақдим гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0