Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Супориши Олимзода ба масъулин барои ташхис ва табобати фаврии беморони илтиҳоби шуш

© Министерство здравоохранения РТЗаседание в Министерстве здравохранения РТ
Заседание в Министерстве здравохранения РТ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамчунин дастур дода шудааст, ки новобаста аз набуди коронавирус дар Тоҷикистон, барои дар ҳолати эҳтимолии хуруҷи сирояти мазкур, аз ҷумла бистарӣ ва табобат намудани нафарони сироятёфта муассисаҳои тандурустӣ ҳамҷониба омода бошанд

ДУШАНБЕ, 24 апр – Sputnik. Имрӯз, 24 апрел, таҳти роҳбарии вазири тандурустии Тоҷикистон, Насим Олимзода оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳаи Вазорати тандурустӣ дар соли 2020 ҷалсаи онлайнӣ баргузор гардид, ки дар он муовинони вазир Саида Умарзода, Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед ширкат карданд.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, ҳамзамон дар ҷаласа тариқи онлайн ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ  ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, Хатлон ва Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ширкат намудаанд.

Дар ҷаласа ба масъалаҳои пешгирии сирояти коронавирус ва авҷ гирифтани бемории илтиҳоби шуш (пневмония) диққати махсус зоҳир карда шуд.

Марги Абдуалӣ Тоиров: пирӣ, пневмония ё “вируси корона”?

"Бо назардошти он ки вақтҳои охир гирифторшавӣ ва фавти шаҳрвандон аз бемории илтиҳоби шуш (пневмония) ба назар мерасад, ба роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ супориш дода шуд, ки  дар ҳолати дарёфт гардидани беморони мазкур фавран онҳоро ба ташхис ва табобат фаро бигиранд", - омадааст дар хабарнома.

Ҳайати коршиносони Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба Тоҷикистон ва Туркманистон меоянд

Вазорат зикр кардааст, ки бо мақсади пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти коронавирус дар мамлакат бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 23 январи соли 2020, №37 Ситоди ҷумҳуриявии доимоамалкунандаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии сироятҳои вирусӣ таъсис дода шуда, 24 январи соли 2020 “Нақшаи чорабиниҳои ситоди ҷумҳуриявии доимоамалкунандаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз тарафи Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва 30 январи соли 2020 “Нақшаи чорабиниҳо бо мақсади пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии сирояти коронавируси нави Covid-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ гардиданд.

В Москве открыт третий коронавирусный центр сети РЖД-Медицина - Sputnik Тоҷикистон
Натарсед! ифшогариҳои зодаи Тоҷикистон, ки дар Русия бар коронавирус пирӯз шуд

Инчунин, бо мақсади ташкил ва пурзӯр намудани назорати эпидемиологии сирояти коронавируси нави  Covid-19  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 1 феврали соли 2020, №59 Дастурамал “Оид ба фаъолияти гурӯҳҳои мобилии зудамал бо мақсади пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии сирояти коронавируси нави Covid-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва рӯйхати гурӯҳҳои мобилии зудамал тасдиқ гардид.

Дар ин ҷаласа таъкид шудааст, ки новобаста ба он ки то имрӯз сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, аммо барои дар ҳолати эҳтимолии хуруҷи сирояти мазкур, аз ҷумла бистарӣ ва табобат намудани нафарони сироятёфта муассисаҳои тандурустӣ ҳамҷониба омода бошанд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа масъалаҳои омодагии муассисаҳои тандурустӣ ба ҳолати эҳтимолии хуруҷи коронавирус, аз ҷумла бистарӣ ва табобат намудани сироятёфтагон, дар ҳолатҳои ба қайд гирифтани сирояти мазкур таъмини шӯъбаҳои эҳё бо таҷҳизоти зарурӣ, муносибат бо нафарони сироятёфта, таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ бо мавод ва таҷҳизот барои пешгирии коронавирус,  таъмин намудани табибон бо либосҳои худмуҳофизатӣ ва дигар масъалаҳои вобаста мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар идомаи ҷаласа роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ вобаста ба рафти корҳои омодагӣ ҷиҳати пешгирии интиқоли сирояти коронавирус, аз ҷумла  захира намудани мавод ва молҳои тиббӣ, муҳайё намудани шароит ва имконоти мусоид ба шаҳрвандоне, ки дар карантин қарор доранд ва масъалаҳои марбута ҳисобот доданд.

Дар анҷоми ҷаласа ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани корҳои омодагӣ ва андешидани чораҳои қатъӣ бо мақсади пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба кишвар, рафъи камбудиву мушкилотҳои мавҷудаи соҳа ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Лентаи хабарҳо
0