ДУШАНБЕ, 24 апр – Sputnik. Ба гузориши Сандуқи кӯдакони Милали Муттаҳид, бо истинод ба гузориши Барномаи ғизоии ҷаҳон эълом кард, Афғонистон бо доштани беш аз ёздаҳ миллион кӯдак, аз назари норасоии ғизо дар радаи севуми кишварҳои ҷаҳон қарор дорад ва садҳо ҳазор кӯдак дар ин кишвар мубтало ба сӯитағзияи шадид ҳастанд, ки ба кумаки фаврӣ ниёз доранд.
Хабаргузории “Парстудей” таъкид кардааст, ки тибқи гузориши мазкур теъдоди кӯдакони мубтало ба сӯитағзия дар Афғонистон дар соли 2019 бо биступанҷ дарсад афзоиш ёфта, нисбат ба як соли қабл аз он, ба дувуним миллион нафар расидааст.
Дар гузориши барномаи ғизоии ҷаҳон, Яман дар радаи аввал, ҷумҳурии демократии Конго дар ҷойгоҳи дувум ва Афғонистон дар ҷойгоҳи севум қарор гирифтааст.
Ҳамчунин Венесуэла, Эфиопия, Судони Ҷанубӣ, Сурия, Нигерия ва Гаити ба тартиб дар ҷойгоҳи чаҳорум то даҳум қарор гирифтаанд.