Дар кишвар то 9 май қарантина эълон шудааст. Ба шаҳрвандон бе зарурат баромадан аз манзилҳояшон манъ гардида дар Кобул умуман роҳҳо баста шудаанд.
Дар Кобул корҳои безараргардонӣ идома дорад, вале чуноне аз аксҳо дида мешавад, на ҳамаи сокинон чораҳои пешгирикунандаро риоя мекунанд.
Дар қисми марказии Афғонистон ҳамаи ҷойҳои ҷамъиятӣ аз қабили боғҳои истироҳатӣ, қаҳвахонаҳо, майдонҳои варзишӣ баста шуданд. Танҳо мағозаҳо кушодаанд.
Парлумони Афғонистон барои мубориза бар зидди вабои аср - коронавирус ба ҳукумати Русия муроҷиат кард.
Бино бар омори охир то рӯзи 24 апрел дар Афғонистон 1226 ҳолати гирифторӣ (50 ҳолат дар як рӯз) ба қайд гирифта шудааст.
Пештар Вазорати беҳдошти Афғонистон пешгӯӣ кард, ки дар ҳолати кунунӣ 80 дарсади аҳолии кишвар ба маризии коронавирус гирифтор хоҳад шуд ва 110 ҳазор кас ҷони худро аз даст хоҳад дод.