Анҷумани XI-уми саратоншиносон ва радиологҳои ИДМ онлайн баргузор шуд

© Министерство здравоохранения РТXI Конгресс канцерологов и радиологов стран СНГ
XI Конгресс канцерологов и радиологов стран СНГ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар анҷуман роҳбарон ва мутахассисони муассисаҳои саратоншиносии ИДМ ҷиҳати ҷорӣ намудани усулҳои нави табобати бемориҳои саратон табодули афкор намуданд

ДУШАНБЕ, 24 апр – Sputnik. Анҷумани XI-уми саратоншиносон ва радиологҳои кишварҳои ИДМ тариқи онлайн  баргузор гардид.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, дар он мудири Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон  Зафар Ҳусейнзода ва мутахассисони соҳа иштирок намудаанд.

Орзу Исо, рӯзноманигор ва шоири тоҷик - Sputnik Тоҷикистон
"Модарам саратон дорад": гиряи Орзу Исо аз суҳбати пурдарди Сарвиноз Юсуфӣ-видео

Дар анҷуман роҳбарон ва мутахассисони муассисаҳои саратоншиносии кишварҳои ИДМ иштирок ва ҷиҳати ҳалли мушкилиҳои мавҷудаи соҳа, инчунин, ҷорӣ намудани усулҳои нави табобати бемориҳои саратон табодули афкор намуданд.

Бояд гуфт, ки Анҷумани саратоншиносон  ва радиологҳои кишварҳои ИДМ аввалин маротиба  соли 1996  дар шаҳри Маскав ва ҳамзамон соли  2010 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.

Тибқи нақша бояд соли ҷорӣ  анҷумани мазкур дар шаҳри Қазон доир мегардид. Аммо, бо назардошти вазъи сирояти коронавирус тасмим гирифта шуд, ки он тариқи онлайн доир гардад.

Маврид ба зикр аст, ки мутахассисони тоҷик бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои хеш дар ин анҷуман ба тариқи онлайн баромад намуда, масъалаҳои муҳими соҳаи саратоншиносӣ ва радиологиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Лентаи хабарҳо
0