ДУШАНБЕ, 23 апр – Sputnik. Ожонс аз милисаҳои боздоштшуда Боқиев Баҳрулло Боқиевич, муфаттиши шуъбаи тафтишотии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ва ваколатдори калони оперативии ҳамин раёсат Солеҳзод Солибой Муҳаммадҷон ном бурдаст.
Ба иттилои манбаъ, Боқиев ва Солеҳзод бо маслиҳати пешакӣ дар давоми моҳи феврали соли равон аз шаҳрванд Ҳоҷибоев Абдусамад барои нисбаташ оғоз накардани парвандаи ҷиноятӣ 1 ҳазор доллар ва аз Исхаков Шуҳрат 9 ҳазор доллар гирифтаанд.
Ожонси зидди фасод тавзеҳ дод, ки дар ҳар ду ҳолат ҳам кормандони милиса шаҳрвандонро дар он муттаҳам кардаанд, ки гӯиё бо роҳи дуздӣ аз Русия ба Тоҷикистон воситаи нақлиёт ворид кардаанд.
Манбаъ афзуд, ки феълан нисбати Боқиев ва Солеҳзод бо моддаи 247 қисми 4 банди “б”-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне қаллобӣ парванда оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дарад.
Назари худи муттаҳамон феълан дар бораи ин қазия маълум нест.