Панҷ соҳибкор аз Ховалинг барои ниёзмандон 14 хонаи истиқоматӣ сохтанд

© Sputnik / Амир ИсаевСтроительство аквапарка в Варзобе
Строительство аквапарка в Варзобе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Панҷ соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Ховалинг барои 14 оилаи ниёзманд хонаҳои истиқоматӣ сохта, ройгон ба онҳо тақдим карданд

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Холмумин Даминов, Зафар Сафаров, Маҳсуддин Қодиров, Азизулло Муродов ва Давлаталӣ Бозоров , соҳибкорон аз  Ховалинг дар ноҳия 1 осорхона, 1 терминали мусофиркашонӣ, 2 толори варзишӣ  ва 14 хонаи истиқоматиро ба маблағи 3 миллиону 740 ҳазор сомонӣ барои ниёзмандон сохта  ба истифода доданд, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.

Предприниматель из Согда открыл магазин во время пандемии - Sputnik Тоҷикистон
"Сад дари баста, як дари кушода" : тасмими таваккалии соҳибкор дар замони коронавирус

Бино бар иттилои манбаъ, соҳибкорони мазкур  ҳамчунин  5 километр роҳи байни деҳаи Даҳани Шоли ноҳияро навсозӣ кардаанд.  

Дар ҳамин ҳол, мақомоти ноҳияи Ховалинг қайд кардааст, ки то ҷашни 30 солагии истиқлолияти Тоҷикистон, дар ноҳияи Ховалинг  бунёди  330 иншооти таъйиноти гуногун  ба нақша гирифта шудааст.  Аз теъдоди зикршуда айни замон 125 иншоот мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Бояд гуфт, ки соли гузашта  бо саҳми  соҳибкори маҳаллӣ Абдулло Ҳасанов  бинои дуошёнаи шуъбаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг ба маблағи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода  шуд.

Манбаъ зикр намудааст, ки солҳои охир маркази ноҳияи Ховалинг тавассути амалҳои соҳибкорони маҳаллӣ обод ва дилкашу назаррабо шудааст.

"Бо ташаббуси соҳибкорон таҷдиди пули биступанҷметраи дарёчаи Сари Осёб, соҳилбандии 1,5 километр қитъаи хавфноки дарёчаи мазкур, сохтмони корхонаҳои истеҳсоли хишту шарбати мева, сехи дӯзандагӣ барои 60 дастгоҳ, меҳмонхона ва боғчаи "Дунёи кӯдакон" барои 100 нафар наврасон, сохтмони маҷмааи ҳаштошёнаи хизматрасонӣ ва даҳҳо иншооти дигар бунёд гардидаву қисмате дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд", - таъкид доштааст манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0