Ҳамлаи Толибон ба вилояти Сарипул: камаш 11 полис кушта шуданд

© AP / Raumat GulБоевики движения Талибан
Боевики движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳамалоти Толибон ба мавзеъҳои неруҳои полиси Афғонистон дар вилояти Сарипули Афғонистон, камаш ёздаҳ полис кушта шуданд

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Асадуллоҳ Хуррам, узви Шурои вилоятии Сарипул эълон кардааст, ки ҷангҷӯёни Толибон бомдоди рӯзи чаҳоршанбе ба ду мақарри полис дар минтақаи Масҷиди сабзи шаҳристони Сончорак ва Сузмақалъа дар ин вилоят ҳамла карданд, иттилоъ додааст хабаргузории Ово.

Вооруженная группа боевиков идет мимо дома, сожженного талибами в провинции Кундуз. Май 2015 года - Sputnik Тоҷикистон
Ноамнӣ дар наздикии марзи Тоҷикистон: даргирии артиши Афғонистон бо ҷангҷӯёни Толибон

Ба гуфтаи вай, дасти кам ёздаҳ корманди полис кушта, ҳудуди 20 нафари дигар захмӣ ва шумори дигаре низ асир шуданд.,

Асадуллоҳ Хуррам вахомати вазъият дар шаҳристонҳои Сузмақалъа ва Сончорак  дар шимоли Афғонистонро нигаронкунанда хонд ва гуфт, бетаваҷҷуҳии давлат ва набуди таҷҳизоти низомӣ дар ихтиёри низомиёни ин вилоят сабаб шуд то неруҳои полис ин талафотро мутаҳаммил шаванд.

Ин мақоми давлатии Афғонистон дар идома ҳушдор дод, агар давлат ба вилояти Сарипул аҳамият надиҳад на танҳо ин ду шаҳристон суқут мекунад, балки ҳодисаи Мирзоланг такрор хоҳад шуд.

Дар ҳамлаи густурдаи тобистони соли гузашта Толибон ба шаҳристони Мирзоланг  дар вилояти Сарипул, даҳҳо неруи амниятӣ ва ғайринизомӣ кушта шуданд ва ин шаҳристон низ суқут кард.

Лентаи хабарҳо
0