ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Ҷиҳати ошнооӣ бо рафти татбиқи лоиҳаи "Таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ” "Маркази воридкунии маълумот ба махзани ягонаи электронии маъюбон", дар вилояти Хатлон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷаласаи корӣ баргузор шуд.
Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, дар ин ҷаласа мувоини вазири тандурустии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, муовини раиси шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода, сардори Хадамоти давлатии ташхисию тиббии ҷумҳуриявӣ Амиршозода Ш.Т, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Раҷабзода М.М намояндагони Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ширкат кардаанд.
Иштирокчиён масъалаҳои ворид намудани маъюбони вилоятро ба маркази мазкур баррасӣ намуда, ҳамзамон, дар ҷаласа раиси комиссияи машаваратии шаҳри Бохтар Кассиров Ҳафизулло оид ба вазъи бақайдгирии маъюбон ва ҳолати ҳуҷҷатгузорӣ дар Маркази саломатии шаҳри Бохтар баромад намудааст.
"Ҷиҳати бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои мавҷудаи соҳа аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд", - омадааст дар хабарнома.
Ногуфта намонад, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 26 декабри соли 2019 баргузор гардид, қайд намуд, ки "Бо мақсади танзими раванди таъини нафақаи маъюбӣ ва пешгирӣ кардани пардохти нафақаҳои маъюбии беасос ҳоло дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд лоиҳаи “Таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ” амалӣ шуда истодааст, ки тибқи он махзани ягонаи иттилоотӣ ва тартиби муосири баҳисобгирӣ таҳия гардида, то 6 моҳи минбаъда маълумоти дахлдор ба шабака гузаронида мешавад".
Ҳамин тавр, бо ташаббуси Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати техникию молиявии Лоиҳаи “Таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ”«Маркази воридкунии маълумот ба махзани ягонаи электронии маъюбон» таъсис дода шуд.