ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон роҳи пӯшонидани касри буҷет ва ҷалби маблағҳо ба иқтисодро ёфтанд. Вазорати молияи Тоҷикистон қоғазҳои қиматноки давлатиро дар шакли вексели давлатӣ ба маблағи 300 миллион сомонӣ ба муомилот мебарорад.
Ин тадбир бо мақсади ҷалби маблағҳои иловагӣ ба соҳаи иқтисоди миллӣ, бахусус рӯйпӯш намудани касри буҷети давлатӣ роҳандозӣ шуда, он ба муҳлати панҷ сол бо меъёри ду фоизи солона роҳандозӣ мегардад.
Тавре АМИТ "Ховар" иттилоъ медиҳад, дар ин хусус зимни ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоҳир Зокирзода дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, қарори дахлдор қабул гардид.
Масъалаи мазкурро дар ҷаласаи палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҳаким Холиқзода шарҳ доданд.
Зикр шуда, ки векселҳои давлатӣ бо асъори миллӣ дар шакли қоғазҳои қиматноки давлатӣ мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлати Ҷумҳурии Тоҷкиистон" ҳамчун яке аз манбаъҳои пӯшонидани касри буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳо ба иқтисоди миллӣ муқаррар гардидаанд.
"Вобаста ба вазъи имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳон, бахусус бамаротиб зиёд шудани эҳтиёҷоти соҳаи иқтисоди миллӣ ба маблағгузориҳои иловагӣ, пеш аз ҳама, соҳаҳои иҷтимоӣ истифодаи ин механизм ба мақсад мувофиқ шуморида мешавад",- иттилоъ дод Файзиддин Қаҳҳорзода.
Ба гуфтаи мавсуф, барориши қоғазҳои қиматноки давлатӣ дар навбати худ барои рушди бозори дохилии ин навъи қоғазҳо мусоидат намуда, усули бехавфтарини ҷалби маблағ барои харидорони онҳо ба шумор меравад.
"Манзур ин аст, ки қоғазҳоро давлат мехарад ва кафолати хизматрасонияшонро пурра ба зиммаи худ мегирад",- афзуд вазир.
Дар баробари ин, вобаста ба тағйирёбии қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ хизматрасонии он аз буҷети давлатӣ сарбории иловагӣ талаб намекунад.
"Дар сурати ба муомилот баровардани векселҳои давлатӣ дар ҳаҷми 300 миллион сомонӣ ҳаҷми умумии қарзи дохилии давлатӣ ба 7,2 миллиард сомонӣ баробар шуда, нисбат ба Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ 8,9 фоизро ташкил хоҳад дод", — гуфт Файзиддин Қаҳҳорзода.
Дар маҷмӯъ, иттилоъ дода шуд, ки афзоиши ин нишондиҳанда ба меъёри умумии қарзи давлатӣ, ки дар Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 муқаррар шудааст, зиёд намебошад.
Бо назардошти муҳимияти масъала вакилони мардумӣ пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси ҷалб намудани қарзи давлатӣ ҷиҳати барориши қоғазҳои қиматноки давлатӣ дар шакли векселҳо якдилона ҷонибдорӣ намуданд.